Хуҷанд: «Эҳсон”-и берун обуду дарун вайрон

 Яке аз меҳмонони меҳмонхонаи калонтарини шаҳри Хуҷанд бо фиристодани чанд акс,  шароити номусоиди дохили ин бинои аз берун боҳашаматро фош кардааст.

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Меҳмонони меҳмонсаройи 12-қабатаи «Эҳсон”-и шаҳри Хуҷанд бо ирсоли як силсила аксҳо ба сомонаи «Ахбор” аз шароити барои будубош тоқатфарсои ин меҳмонхона шикоят карданд. Онҳо мегӯянд, дару девори ҳуҷраҳои «Эҳсон” рехтаву нам кашидаанд, асбоби шустушӯ аксар шикаста буда, нонхӯракҳо ба «меҳмони доимӣ”-и ин меҳмонхона табдил ёфтаанд.

Меҳмонхонаи 12-қабатаи «Эҳсон”-и шаҳри Хуҷанд бо беш аз 120 ҳуҷрааш яке аз бузургтарин меҳмонсаройҳо дар вилояти Суғд ба шумор меравад. Ин меҳмонхона чандин бор ба сабаби шароити ногувораш мавриди танқид қарор гирифта буд, вале тавре аз ин аксҳо бармеояд, вазъ ҳамчунон ҳамон аст, ки буд.

Меҳмонони «Эҳсон», ки ин аксҳоро ба сомонаи «Ахбор» фиристоданд, мегӯянд, баъзе аз ҳуҷраҳои меҳмонхона комилан ба талабот ҷавобгӯ набуда, ҳатто обрезҳову асбобҳои шустушӯяшон шикаста мебошад. Бо вуҷуди он, ки меҳмонхонаи Эҳсон даромади зиёд дорад, аммо муддатҳост, ки маъмурияташ ҳуҷраҳоро тармим намекунад. Ҳуҷраҳои деворҳояш рехтаву нам кашидаанд, дарҳои ҳар як утоқ бо қоғаз рақамгузорӣ шудаанд, мегӯянд меҳмонони меҳмонхона.

Балои дигар, ба гуфтаи меҳмонон, нонхӯракҳоянд, ки низ аз ҷумла «меҳмонони доимӣ»-и ҳуҷраҳои «Эҳсон» будаанд.


 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *