«Камаз» 52 сар гӯсфандро кушт

Як ронандаи мошини борбари «Камаз» рамаи гӯсфандонро дар шоҳроҳи Кӯлоб-Восеъ пахш намудааст, ки дар натиҷа даҳҳо сар гӯсфанд талаф ёфтааст. Аз Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки ҳодиса соатҳои тақрибан 2-и шаби гузашта рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, рама ба яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Панҷ тааллуқ доштааст ва ба тарафи айлоқ равон буданд. Бар асари ин ҳодиса 52 сар гӯсфанд талаф ёфтааст. Мақомот мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир тафтиши ҳодиса оғоз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *