Даргузашти овозхони маъруф Ҳабибуллои Бегмуҳаммад (Видео)

Овозхони маъруф Ҳабибуллои Бегмуҳаммад (Ҳабибулло Бегов), ки бо тахаллуси Гурги Бег дар байни мардум маъруф буд, шаби 13 октябр дар синни 69 аз олам чашм пӯшид. Гурги Бегдар хондани таронаҳои мардумӣ, бахусус дар сабки «Фалак” шӯҳрат дошт.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳабибуллои Бегмуҳаммад, маъруф ба Гурги Бег, соати дувоздаҳи шаби 13 октябр дар синни 69 бар асари хуруҷи бемории қанд вафот кард. Маросими дафни ҷанозаи ин овозхони маъруф рӯзи 13 октябр дар зодгоҳаш – деҳаи Сафарбоёни ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик доир мешавад.

Ҳабибуллои Бегмуҳаммад соли 1948 дар деҳаи Сафарбоён ба дунё омада, Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Ӯ борҳо дар ҷашнвораҳое, чун «Бӯстон”, «Андалеб”, «Чакан” ҳолиб омадааст.

Ҳабибуллои Бегмуҳаммад ибтидо дар ансамбли «Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радио ва сипас дар ансамбли «Фалак” кор карда, як муддат мудири бойгонии кумитаи радио ва телевизион буд.

Ҳабибуллои Бегмуҳаммад бо хондани таронаҳои мардумӣ, бахусус «Фалак” шӯҳрат дошт. Вале ӯ таронаҳои зиёде бар ашъори шоирони классику муосир, аз ҷумла Ҷомӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Сайидо, Камол, Лоиқ, Муҳаммад Ғоиб, Озар ва Хайрандеш иҷро кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *