Хуҷанд: Мард занашро дар бинои Суд лату кӯб кард

Чуноне ВКД мегӯяд, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 10-уми июли соли 2017, тахминан соати 13:00-дақиқа, дар дохили бинои маъмурии Суди ҳамин шаҳр бо ҳамсараш зани 24-солаи сокини ҳамонҷо, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *