Толеъномаи 23 июл 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Мушкилоти начандон калони молиявӣ табъатонро хира месозанд, вале муносибати нави ошиқона табъатонро болида мегардонад. Агар нияти ба рухсатии меҳнатӣ рафтанро дошта бошед, айни замон вақти мусоид аст. Ба саломатӣ ва ҳолати шумо чизе таҳдид намекунад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз ҳангоми кор дар таҷҳизоти барқӣ бодиққат бошед. Агар имкон дошта бошед, ҳамкорони ботаҷрибаи худро ба кӯмак даъват кунед. Нафароне ки маблағи хуб ба даст меоранд, ба сарфи беҳуда роҳ доданро тавсия намедиҳем. Эҳтимоли нохуб шудани вазъи саломатиятон вуҷуд дорад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо корҳои оилавӣ, таъмири хона ва рубучини пурра машғул шуданатон лозим меояд. Барои хуб нигоҳ доштани вазъи молиявӣ ба касе қарз надиҳед. Аксари ҷавзоҳо чунон банди кор мешаванд, ки дӯстдоштаи худро фаромӯш месозанд. Шиносоӣ бо нафаре бо муноқиша анҷом меёбад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз саломатии худро хеле эҳтиёт кунед. Агар нотоб бошед, дарҳол ба табиб муроҷиат кунед. Барои кори ҷисмонӣ  ва сафари роҳи дур чандон рӯзи мусоид нест. Пиёда гаштану машқи бадан ҳангоми субҳгоҳон ба саломатиятон фоида дорад. Дар ҷодаи муҳаббат ҳама чиз аз сабру таҳаммул вобастагӣ дорад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз метавонед яку якбора дунболи чанд корро бигиред, вале  қувваву имкониятҳои худро ба назар гиред. Дар оилаи асадҳои ҷавон бо сабаби рашк муноқиша имкон дорад. Рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ, мулоқоти ошиқона ва шиносоиҳои тақдирсоз.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи серташвиш аст. Ҳар ҳодисае, ки дар ҳаёти шахсиятон рух медиҳад, аз пешомаде гувоҳӣ медиҳад, аз ин рӯ ягон чизро аз мадди назар дур насозед. Дар масъалаҳои молиявӣ дар баробари даромади пулӣ хароҷотатон низ зиёд мегардад. Сайругашт бо шахси дӯстдошта табъатонро болида мегардонад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Тамоми рӯзро дар ҳавои тоза гузаронида худро хеле хуб ҳис мекунед. Вохӯрӣ бо дӯсти дерин боиси сар задани мушкилоти молиявӣ мегардад. Дар масъалаи рафъи мушкилоти рӯзгор бо ҳамсафари ҳаётии худ фикрҳои мухталиф нишон медиҳед. Хобҳои дар ин рӯз дидаатонро баръакс шарҳ диҳед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ба ваъдае, ки ба худатон додаед, вафо кунед. Агар нияти беҳтар сохтани зиндагии худро дошта бошед, барои ин ҳама корро карданатон лозим аст. Ба дили дӯстдоштаи худ бо рафтору гуфтори самимона роҳ ёфта метавонед. Ҳар қадаре ақраб зудтар изҳори муҳаббат намояд, ҳамон андоза хушбахт мегардад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз қобилиятҳои пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Дар коргоҳ ба шумо ҳасад мебаранд, дар ҳаёти шахсӣ таъриф шунида, бо шумо ифтихор мекунанд. Барои гирифтани маблағе, ки интизораш будед, мушкилӣ сар мезанад. Қавсҳои муҷаррад диққати нафарони дар моҳи ҳут ва савр ба дунё омадаро ҷалб месозанд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Кӯшиши ҳама корро сари вақт ва якбора ба анҷом расонидан боиси ба ғалат роҳ додан ё асабоният мегардад. Хабарҳои ногуворе, ки дар ин рӯз мешунавед, боиси хавотирӣ ва тағйир додани нақшаҳоятон мегардад. Аз ҷониби нафароне, ки чандон шиносоии хуб надоред, кӯмаки молиявӣ имкон дорад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Барои нафароне, ки тиҷорати худро оғоз мекунанд, рӯзи бобарор аст. Дар ҳаёти шахсӣ ташвишу ногувориҳо имкон дорад. Нисбати саломатӣ хеле боэҳтиёт бошед, аз ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ дурӣ ҷӯед. Ба хӯрокҳои истеъмолмекардаи худ бодиққат бошед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Имрӯз дар ҷои кор ба пешсафӣ роҳ надиҳед. Ба ҳамкорони ҷавони худ имкони нишон додани ҳунару маҳораташонро фароҳам оред. Талабу иддао ва қаҳру ғазабро нисбати шахси дӯстдоштаатон нишон надиҳед. Хусусан агар муноқишаву ҷудоиро намехоста бошед, беҳтараш хомӯшӣ ихтиёр намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *