Хуҷанд: Нобиноён бекор мемонанд?

   Беш аз 70 нафар нобиноёни маркази тавонбахшии шаҳри Хуҷанд аз эҳтимолияти барҳам хӯрдани коргоҳашон дар ҳарос мондаанд. Ин нафарон асосан бо сохтани чангакҳои ҷомашӯидорак, халтаҳои қоғазин ва тори ҷомашӯӣ машғуланд.

  Директори муассисаи маркази иҷтимоӣ-тавонбахшӣ иттиҳоди миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдусаттор Ҷалилов мегӯяд аз сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулоти нобиноён ҳоло дари ин коргоҳ қулф зада шудааст. Акнун нобиноён ба ҷои 6 рӯз дар як ҳафта 3 рӯз ба кор ҷалб карда мешаванд ва ин ҳам ба хотири пурра барҳам наёфтани коргоҳ арзёбӣ карда мешавад.

  Дар ҳамин ҳол намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатии хайриявии маъюбон «Мо метавонем» дар шаҳри Хучанд, ки нав ба фаъолият оғоз кард тасмим доранд ба нобиноён кӯмак намояд. Онҳо мегӯянд, барои аз фаъолият боз намондани коргоҳи нобиноён талош мекунанд.

                                                                                                                                             Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *