Чаро Путин Расул шуду Шойгу Умар?

Шойгу ном кардани як кӯдаки тоҷик дар Русия ҳоло яке аз мавзӯъҳои доғи шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Раҳмон Ҷӯраеви 70-сола, ки бо Путин ном кардани як наберааш расонаӣ шуда буд, ахиран набераи дигарашро Шойгу ном кардааст. Ба навиштаи расонаҳо, ҳарчанд фарзандон сухани вайро нашикаста, кӯдакони худро дар санадҳои расмӣ Путин ва Шойгу ном карданд, вале дар хона ҳардуро то ҳол Расул ва Умар ном мебаранд.

Раҳмон Ҷӯраев 20 сол аст, ки дар Русия зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии он кишварро дорад. Замоне ки набераашро Путин ном гузошт, дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буд, ки ба президенти Русия эҳтироми зиёде қоил аст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ мегӯянд, ки то моҳи марти соли равон вакилони Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро баррасӣ мекунанд, ки номгузориро маҳдуд мекунад. Бар асоси ин тарҳ ба кӯдакон гузоштани номҳои рақам, вазифа, калимаҳои кутоҳкардашудаву вожаҳои дорои таҳқир манъ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *