«Хуҷанд» пешсафиро ихтиёр кард
Даври ҳафтуми марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ 22 апрел бо бозии марказии дастаҳои «Хуҷанд» ва «Регар -ТадАЗ» оғоз шуда, бо ғалабаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Футболбозони Хуҷанд ба дарвозаи меҳмонон 3 голи беҷавоб зада, бо 11 хол ба садри ҷадвали мусобиқа баромаданд. Фарҳод Тоҳиров ду тӯбро ворид карда, муаллифи дубл шуд.
Дар бозии дигарӣ дастаи «Барқчӣ» дар сафар футболбозони «Панҷшер»-и Балхиро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Ҳисориҳо пас аз пирӯзӣ минтақаи хавфнокро тарк намуда, ба зинаи чорум баромаданд. «Панҷшер» бо 5 хол ба зинаи охирин фаромад.
Бозии аз ҳама шавқовар дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо иштироки дастаҳои КМВА «Помир» ва «Ҳосилот» баргузор шуд. Футболбозони Фархор, ки аз аввали чемпионат ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ омадаанд, то имрӯз бозигарони асосиашонро аз даст дода, чанд бозигарашон ба дастаҳои дигар гузаштаанд, бо ҳисоби 0:1 ба мағлубият дучор шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ