Музаффара Рустамова – Самарқанд

Эй духтари Шарқ

Эй духтари Шарқ хез аз хоб,

Мактаб раву хону илм омӯз.

Аз чашмаи илм гашта сероб,

Бар душмани ҷаҳл бош фирӯз.

Боз ою даро ба тӯдаи қадр,

Халлоқият намой изҳор.

Дар тӯдаи қадр то шавӣ сард,

Ибрат мебош ба равнақи кор.

Бо нусрати байрақ Ленин, беш,

Дар ҷамъият, инчунин маҳу сол .

Дар кори фазилату ҳунар пеш,

Мерав ба ҳаёт бош фаъол.

Омӯз шиорҳои фирқа,

Дар кор даро чу комсомолон.

Шав омили корҳои фирқа.

Рӯ ба роҳи фирқа, хуш шитобон.

Бо халқ мебош бардавом,

Аз хоинии муштзӯрон.

Бинавис хабар ба рӯзнома,

То фош шавад фиреби эшон.

***

Ҳашти март

Рӯҳи зану духтарон,

Зи шодӣ гашт гулгун.

Ҳаштуми март омад,

Хуш рӯзи иди онон.

Зану духтарони Шарқ,

Фараҳноканду хӯрсанд.

Халос шуданд зи чодар,

Ба даст бардоштанд байрақ.

Ин машъали саодат,

Барҳам зад торикиро.

Занони меҳнаткашон,

Халос шуд аз ҷаҳолат.

Манзурам ҳаст собиқ,

Намедид ҳеҷ як шафақ.

Имрӯз ба аъзои худ,

Вай ҳомӣ асту содиқ.

Фирӯз байрақ андар,

Дасти зӯри занон ҳам.

Шуд ҷилвагар, муборак,

Ин иди меҳри назар.

مظفره رستم آوا- سمرقند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *