Акнун коммунистони Тоҷикистонро  Абдуллоев ба тантанаи коммунизм роҳнамоӣ мекунад

Дар анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон полковники мустаъфӣ Мироҷ Абдуллоев раҳбари нави ин ҳизб интихоб шуд. Дар 9 моҳи охир ин бори чорум аст, ки раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон иваз мешавад. Абдуллоев гуфт, ҷиҳати боло бурдани обрӯи ҳизб талош хоҳад кард.

Дар анҷумани ғайринавбатии 38-уми ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки рӯзи 22 апрел дар зодрӯзи асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин дар Душанбе доир шуд, полковники мустаъфӣ Мироҷ Абдуллоев раҳбари  нави ин ҳизб интихоб шудааст.

Дар анҷумани ҳизби коммунист бо ширкати 72 вакил танҳо як масъала – интихоби раиси ҳизб – баррасӣ шудааст ва вакилон якдилона Абдуллоевро ба ин мақом интихоб кардаанд.

Мироҷ Абдуллоев тоза як моҳ пеш аз бахши минтақавии ҳизби коммунист дар минтақаи Кӯлоб ба дафтари марказии ҳизб ба кор омада, котиби кумитаи марзказии ҳизби коммунист интихоб шуда буд.

Мироҷ Абдуллоев  гуфтааст,ки  ҳамчун раҳбари Ҳизби Коммунист талош хоҳад кард, то обрӯи қаблии ин қадимтарин ташаккули сиёсиро баргардонад.

Мироҷ Абдуллоев гуфт: «Барномаи ман ин амал кардан тибқи оинномаи ҳизб ва барномаи ҳизбӣ аст, ки мо дар анҷуман қабул кардаем. Муҳим аз ҳама ба даст овардани якдигарфаҳмӣ аст. Дар сурати якдигарфаҳмӣ мо метавонем ба тамоми мақсадҳои худ бирасем. Ҳадафи ман боло бурдани обрӯи ҳизб аст ва ман бовар дорам, ки дар интихоботҳои оянда ҳизби коммунист ба парлумони Тоҷикистон бар хоҳад гашт. Агар якдигарфаҳмӣ бошад, ҳама чӣ хуб мешавад.”

Полковники мустаъфӣ Мироҷ Абдуллоев солҳои зиёд дар мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон кор карда, солҳои охир аз фаъолони ҳизби коммунист дар минтақаи Кӯлоб буд.

Дар 9 моҳи охир ин алакай бори чорум аст, ки ҳизби коммунист табдили раҳбар мекунад.

Дар анҷумани ин қадимтарин ҳизби кишвар дар моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков ба ҷои Шодӣ Шабдолов, ки 25 сол раҳбарии коммунистҳои тоҷикро бар дӯш дошт, раиси ҳизб интихоб шуд.

Аммо Исмоил Талбаков баъди ҳамагӣ 5 моҳи раҳбарӣ бар ҳизби коммунист дар моҳи декабри соли 2016 дар синни 61 бар асари фишори хун вафот кард.

Дар пайи даргузашти Талбаков дар пленуми ҳизби коммунист дар ибтидои моҳи январ иқтисодшинос Мирзоазим Насимовро раҳбари муваққати ҳизб интихоб карданд. Мирзоазим Насимов бародари собиқ Прокурори генералӣ  ва вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон Амирқул Азимов буда, унвони доктори илмҳои иқтисодиро дорад.

Ва акнун зимоми раҳбарии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба Мироҷ Абдуллоев супурда шуд.

Дар тамоми тӯли қариб 70 соли вуҷуди давлати Шӯравӣ ин ҳизб ҳизби яккатози ҳоким дар ин ҷумҳурӣ ва боқӣ қаламрави СССР ба шумор мерафт. Дар он даврон шумори аъзои ҳизби коммунисти Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медод.

Дар ибтидои солҳои 90 бо кушода шудани роҳи чандҳизбӣ дар арсаи сиёсии Тоҷикистон низ дар канори ҳизби коммунист аҳзоби дигар ҷои по пайдо карданд.

Бо ин вуҷуд, ҳизби коммунист бо беш аз 40 ҳазор узв дувумин ташаккули сиёсии бузургтарин дар кишвар боқӣ монд ва дар интихоботи парлумонии соли 2000 ба 8 курсӣ, дар интихоботи соли 2004 ба 4 курсӣ ва дар интихоботи соли 2010 ба 2 курсии Маҷлиси намояндагон соҳиб шуд.

Аммо дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҳизби коммунист ҳамагӣ 2 дарсад овоз гирифт ва аз Маҷлиси намояндагон берун монд. Танҳо як узви ин ҳизб Ҷаббор Аҳмадов тавонист дар интихоботи ҳавзавӣ баранда шавад ва ба парлумон роҳ биёбад.

Нозирони умур чунин сурати ҳолро аз як тараф ба худи табиати интихоботҳои Тоҷикистон, ки натиҷаҳояшро аз пеш мақомот барномарезӣ мекунанд, рабт медоданд. Аммо аз тарафи дигар ба бӯҳрони давомдор дар дохили ин ҳизб низ таъкид мекарданд ва мегуфтанд, ҳизби коммунист дар маҳдудаи аъзои кӯҳансоли ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба он пайваста дармондааст ва баробари аъзояш ин ҳизб низ «пир” шудааст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари пешини ҳизби коммунист бар ин буд, ки натиҷаҳои и нтихоботи соли 2015 тақаллуб шудааст, вагарна ҳизби вай баъди ҳизби ҳоким овози аз ҳама бештарро гирифта буд.Вале моҳи июли соли 2016 дар анҷумани ҳизби коммунист як гурӯҳи вакилон ба раҳбарии Исмоил Талбаков масъулияти нокомиҳои ин ташаккули сиёсиро ба гардани Шабдолов бор карданд, ки гӯё «натавонистааст бо раҳбарони ҳукумати имрӯза забон биёбад.

Акнун ба Мироҷ Абдуллоев бастагӣ дорад, ки то куҷо бо ҳукумат, ба таъбири шодравон Исмоил Талбаков, «забон меёбад” ва ҳизби коммунистро нафаси нав мебахшад. Худи ӯ мутмаин аст, ки «агар якдигарфаҳмӣ бошад”, ҳизби коммунист обрӯи қаблиашро метавонад барқарор кунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *