Суғд: Сӯхтор ҷони модар ва ду тифлашро рабуд
Бар асари як сӯхтори шадид дар шаҳраки Консой дар наздикии шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) як модари ҷавон ва ду кӯдакаш ба ҳалокат расидаанд. Як кӯдаки сесолаи ин зан дар бахши реаниматсияи бемористони Хуҷанд дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Ин сӯхтори марговар шаби 30 сенятбр дар як манзили истиқоматӣ дар шаҳрақи Консой рух додааст. Бино ба гузоришиҳо мақомот истифодаи нодурусти бухориро сабаби ин фоҷиа меноманд.
«Азия Плюс” аз қавли мақомоти интизомӣ хабар дод, ки бар асари сӯхтор модари ҷавон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ду фарзанди ӯ – як духтари навзод ва писари сесолааш – рӯзи 1 октябр дар бемористони маркаҳии шаҳри Хуҷанд ҷон доданд. Фотима – дугоники бачаи ҳалокшуда – дар бахши реаниматсияи бемористон қарор дошта, табибон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Тафтиши сабабҳои ин сӯхтори марговар идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ