Хуҷанд: Табдил додани хонаи истиқоматӣ ба фоҳишахона
Як зани 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд барои он боздошт шуд, ки ба гуфтаи мақомот, дар манзили истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз ду ҷуфт 300 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Ин зан ҳоло ба ташкили фоҳишахона гумонбар мешавад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 4-ум ва 8-уми октябри соли 2017, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 29-сола ва зани 24-сола, марди 24-сола ва зани 24-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ