Наҷима Муродӣ — Эрон

Ҷуғди бад одат

Ронда аз ҷаннат шавӣ, табрик мехоҳад магар,

Банда то ғоят шавӣ табрик мехоҳад магар.

Фахри дунё бошию даргири хоҳишҳои тан,

Ғарқ дар шаҳват шавӣ, табрик мехоҳад магар.

Субҳ то шаб бо симоҷат вақфи ракъатҳо шудан,

Ҷабр дар тоат шавӣ, табрик мехоҳад магар.

Рӯз дар махрубаҳо шаб то саҳар ҳу-ҳу кунон,

Ҷуғди бад одат шавӣ, табрик мехоҳад магар.

Гар қафас маҳфуз дорӣ боз дилпур мекашад,

Аз дарун ғорат шавӣ, табрик мехоҳад магар.

Баъди умре ошиқӣ ҳамсоя бо дилбар шудан,

Азми як ҳиҷрат шавӣ, табрик мехоҳад магар,

Ё ки умре хастагӣ бинию захме дар ҷигар,

Мурда то роҳат шавӣ, табрик мехоҳад магар.

***

Ман дӯстат дорам ҳанӯз

Тарки дил кардӣ, вале ман дӯстат дорам ҳанӯз,

Чун шаби сардӣ, вале ман дӯстат дорам ҳанӯз.

Дар дилам як корзор ошўб барпо кардаӣ,

Гарчӣ номардӣ, вале ман дӯстат дорам ҳанӯз.

Лаҳзаҳоро дар ғаёбат мешуморам моҳи ман,

Ту кам овардӣ, вале ман дӯстат дорам ҳанӯз.

Дар набудат мурдаи ҷунбандаам, баръакси ман,

Фориғ аз дардӣ, вале ман дӯстат дорам ҳанӯз.

Рӯзу шаб дар интизорам то ки баргардӣ гулам,

Бар намегардӣ, вале ман дӯстат дорам ҳанӯз.

Бо хаёлат зиндаам, ширинтарин овози дил,

Шоирам кардӣ, вале ман дӯстат дорам ҳанӯз.

***

Қалъаи вайрон

Ман!

Қалъаи ишқро …

Хишт ба хишт,

Бо ранҷи дарун ва ҳамроҳи ту сохтам.

Аммо…

Девор ба девор,

Дар ҷангу ҷидол бо худ бохтам.

Ман баргаштаам,

Ба кӯдакӣ!

Он замон, ки бо ҳирсу валаъ …

Қалъаҳо месохтам ва,

Баъд аз сер шудан аз он,

Бо лагад меандохтам.

Бо ин тафовут,ки

Он рўз қалъаи вайрон шударо,

Лагадкӯб мекардам ва…

Рӯзе дигар бо ҳамон ҳирсу валаъ месохтам.

Аммо имрӯз …

Ки туро аз даст додаам,

Дигар ёрои сохтани дубораам нест.

Ман пушти по задаам,

Ба бахте, ки дар пешониам буд ва…

Лахте бо ман созиш накард.

نجیمه مرادی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *