Дунё се қисм аст: дирӯз, имрӯз ва фардо. Дирӯз гузашт. Омадани фардо маълум нест. Пас, қадри имрӯзро бидон!

Ҳасани Басрӣ

Ҳар гоҳе ки “ҷаноби зиндагӣ” шикастам медиҳад, аз мушкилоти он хаста мешавам ва андуҳи бепоёни қалбамро пахш мекунад, ҳатман боре сухани тиллоии ин абармардро ба хотир оварда, ба қадри имрӯзи зиндагии хеш мерасам. Оид ба мушкилотам назди касе сар хам накардааму намекунам, зеро шиква пеши номардиҳои зиндагӣ  заифӣ  ва нотавонист.

Қариб ҳар моҳ дар сомонаҳои иҷтимоӣ хабари худкушии нафареро бо ин ё он сабабе шунида, дақиқаҳо миёни мову ман сукути тӯлоние ҳукмрон мегардад. Рӯзҳо суолҳои беҷавобе оромам намегузорад. Барои чӣ ин нафар даст ба худкушӣ зад? Оё ин арзиши онро дошт, ки аз баҳри ҳаёт барои одитарин мушкилот гузашт ва зиндагии наздиконашро тираву пур аз ғам кард!? Модари бечорааш чӣ ҳол дорад ва марги лахти ҷигарашро чӣ гуна қабул карда бошад?

Аксар сабаби асосии даст ба худкушӣ задани одамон ин аз кучактарин мушкилоти зиндагии хеш тарсидан аст. Ба андешаи ман, ҳеҷ чизе арзиши буридани риштаи умри инсон ва талх намудани ҳаёти пайвандонро надорад. Ҳамеша роҳе барои ҳалли мушкилот ҳаст ва фақат бояд сабур буду дар маҷрои пуртуғёни “баҳри зиндагӣ” муборизаи беамон бурд.

Барои ҳар модар марги фарзанд оғози зиндагии пур аз дард, ғам ва андӯҳ аст, ки тамоми умр онро фаромӯш намекунад ва то охирин нафас ин заҳр ҳар лаҳзаи зиндагияшро талх карда, дарди аз даст додани фарзанд ӯро ба хоки сард мебарад. Аммо фақат модар аст, ки тамоми умр хотираҳои ҷигарбандашро ёд намуда, ба суратҳои фарзанди ҷавонмаргаш нигариста, бо дидагони пур аз ашк бо ӯ гуфтугӯ мекунад.

Инро медонам, ки зиндагӣ душвориҳои зиёд дорад, гоҳ шикастат медиҳад, дареро ба сӯят мебандад, аммо аз ҷониби дигар ҳатман дари комёбиҳоро бароят боз мекунад. Фақат сабр мебояд ва ба сӯйи фардо умедвор буд. Софолк гуфтааст, ки:Хушбахтӣ ҳамқадами далерон аст”. 101% тарафдори суханони ӯ ҳастам ва зери ҳар як ҳарфаш имзо мегузарам.

Дар дини ислом низ худкушӣ гуноҳи нобахшиданист. Пас, вазифаи мо ва кулли ҷомеа аст, ки садди роҳи ин аъмоли номатлубро гирем ва нагузорем, ҷавоне бо камтаҷрибагиву камсаводияш дар баҳри пуртуғёни зиндагӣ ғарқ шавад.

Доро Суҳробӣ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *