8 коргар аз боми масҷиди сохташудаистода афтиданд

Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба таҳқиқи ҳодисаи афтодани  ҳашт нафар коргар аз гунбази Масҷиди бузургтарин дар Душанбе (масҷиди Катар)  оғоз кардааст.

Ҳашт бинокор субҳи 25-уми феврал аз баландии 33 метр ба замин афтода, бо захмҳои мухталиф дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шудаанд. Вазъи як нафари онҳо ниҳоят вазнин гуфта мешавад.Гунбази Масҷиди бузургтарин дар Душанбе 60 метр баландӣ дорад. Яке аз бинокорон дар Масҷиди бузургтарин дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Кргарон ба кафшергарӣ машғул буданд, ки зинапояи зери пояшон ба замин афтодааст.Айни замон  ному насаби онҳое, ки дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд, маълум нест.Масҷиди бузургтарин дар Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, барои намозгузории то 150 000 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Ин масҷид, ки дар маркази Душанбе бунёд мешавад, аз чаҳор манораи баландиаш 75-метрӣ ва як гунбази 60-метрӣ иборат аст. Сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони бино 70 миллион доллар ҷудо кардааст.Тоҷикистон ҳам мегӯяд, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар медиҳад. Ба қавли мақомот, ин калонтарин масҷид дар Осиёи Миёна хоҳад буд.Хишти аввали сохтмони масҷид соли 2009, дар авҷи таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари сокинони мусалмони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, гузошта шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *