Худкушӣ: эътироз ё қасдгирӣ?

Новобаста аз он ки мақомот мегӯянд тадбирҳои фаҳмондадиҳии зиёд дар байни аҳолӣ мегузаронанд  ва рӯҳониён низ худкуширо маҳкум мекунанд, вале хабари қасди худкушӣ кардани одамон дар Тоҷикистон кам намешавад.

Мутаассифона, вақтҳои охир ахборе ҳам нашр мешаванд, ки кӯдакони 10 -12 — сола даст ба худкушӣ мезананд. Тибқи маълумоти паҳншуда дар 9 моҳи соли гузашта 440 нафар дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ задаанд, ки беш аз 200 нафари онҳоро занон ва наздики 40 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, ки ин шумора нисбати соли 2017, 60 ҳодиса зиёдтар аст.

Дар хабарҳо мехонем, ки зане бо сабаби зӯроварии шавҳару хонаводаи ӯ, сарбозе бо сабабҳои номаълум дар қисми ҳарбӣ, марде бо сабаби бемории равонӣ доштан, арӯсе бо туҳмати бокира набудан, ноболиғе бо сабаби бетаваҷҷуҳии волидайн ва духтаре бо таҳдиди пахши наворҳои маҳрамонаашон аз ҷониби дӯстдоштааш даст ба худкушӣ задаанд. Дар бештари ҳолатҳо одамон тариқи худовезиву худсӯзӣ, заҳролудшавиву ғарқшавӣ риштаи умри худро канда карданд.

 Махсусиятҳои “асри эҳсос”

Равоншиноси тоҷик Зарина Кенҷаева сабаби даст ба худкушӣ задани одамонро дар эҳсосӣ ва дағал будани одамон медонад. Ба гуфтаи ӯ, бештари вақт одамони беирода қасди худкушӣ мекунанд:

-Асри XXI-ро ман асри ҳассос мегӯям ва ин аср, албатта, таъсири худро ба ҷавонон расонида истодааст. Вале фаромӯш набояд кард, ки лаҷоми хислату рафтори ҳар фард дар дасти худаш мебошад. Ҷавонон, ки зӯрашон омаду сабру тоқат карда натавонистанд, мурданро барои худ авлотар медонанд. Барои пешгирӣ кардани ин бояд мардум нисбати ҳамдигар ғамхору хайрхоҳ бошанд ва ин, албатта, таъсири худро ба мо ва фарзандонамон мерасонад. Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки чӣ қадар занон ё мардон ҳамдигарро суханҳои қабеҳ мегӯянд. Мутаассифона, бетафовутии ҷомеа сабабгор шуд, ки одамон нисбати ҳамдигар дуруштзабону дағал шудаанд.

Як сабаби дигари афзоиши худкуширо Кенҷаева ба зиёдшавии филмҳо, бахусус филмҳои туркӣ  арзёбӣ кард. Ӯ мегӯяд, сенарияи филмҳое, ки мардум тамошо мекунанд, онҳоро дар зиндагии реалии худ тасаввур мекунанд ва фикр мекунанд, ки бояд мисли филмҳо зиндагӣ кунанд: “Дар ҷои кор, ҳатто барои ишғоли мансабе ҳамдигарро дар назди роҳбар ганда карда, ғайбату суханҳои бад мегӯем. Ва ё вақте ки мо дар оила бо ҳамдигар ҷанг мекунем, фарзандони мо ҳамаи инро меомӯзанд ва ин дар хотираи кӯдак нақш баста, ба ӯ як дилсардӣ меорад”.

Онҳое, ки  қасди қатли ҷони худ карда, хушбахтона зинда мондаанд, дар суҳбатҳо бештар сабаби ин амалашонро дар шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ кардаанд. Хусусан занон, гуфтаанд, ки бо ин роҳ эътирози худро нисбат ба  шавҳар, хушдоман ё шахсе, ки дар хонавода зулмро ба онҳо раво дидааст, баён намоянд.

​Хосият Шарифова, сокини 30-солаи ноҳияи Ёвон, моҳи майи соли 2018  худро дар дарёи Сариқамиш бо нияти худкушӣ партофта, аз пасаш писари сесолааш низ худро ба дарё партофт. Хушбахтона, яке аз сокинони ин ноҳия ҳар дуро наҷот дод.

Шарифова пас аз наҷот ёфтан гуфтааст, ки қасди худкушиаш як навъ эътироз нисбати наздикони шавҳар ва шароити бади зиндагияш будааст. Хосият ду сол қабл аз шавҳараш Шодмон Раҷабов, сокини деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ёвон ҷудо шуда, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардааст. Шавҳараш барои фарзандонаш алимент надода, дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Бо нақли ин зан писараш Амирҷонро, ки се сол дорад, падараш ҳатто боре ҳам надидааст. Билохира шавҳараш бо тамоси телефонӣ гуфтааст, ки дигар намехоҳад бо ӯ зиндагӣ кунад. Ин ҳолат сабаби даст ба худкушӣ заданаш гаштааст.

Эътироз ё қасдгирӣ аз онҳое, ки муҷиби бадбахтии қасдкунандагони худкушӣ шудааст, чунин маъно дорад, ки занон бо ин кори худ мехоҳанд хушдоман, шавҳар ва хоҳари шавҳару дигар наздикони ҷониби домодро мақомот муҷозот намоянд, то онҳо низ азоб кашанд. Воқеан, тибқи  моддаи 109- и  Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон,  агар шахс худкушӣ ё суиқасди худкуширо зери «таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибор» содир кунад,  он ҳамчун ба худкушӣ ё суиқасди худкушӣ расонидан ҳисобида мешавад. Мувофиқи қонунгузории ҷиноятӣ ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 ва аз 5 то 8 сол  татбиқ мешавад.

Тибқи хабарҳои нашршуда дар соли гузашта нисбати онҳое, ки шаҳрвандонро ба худкушӣ расондаанд, танҳо 28 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар бештар ҳолат тафтишот муайян мекунад нафароне, ки даст ба худкушӣ задаанд, бемории рӯҳӣ доштаанд.

 Сабабҳои номаълум” –и худкушии мардон

Пештар, агар дар бораи худкушии занону духтарон расонаҳои хабарӣ матлаб нашр мекарданд, вақтҳои охир аз худкушии мардон низ зиёд маълумот пахш мешавад. Сабабҳо гуногунанд, аммо дар аксари маврид бо омилҳои равониву иҷтимоӣ. Аз ҷумла, худкушии Раҷабалӣ Қурбонзода, сокини 26-солаи шаҳри Ваҳдат, ки ба гуфтаи наздиконаш пас аз қаҳр кардани занаш қасд ба ҷони худ кард. Ё пайдо кардани ҷасади подполковники милиса Зафар Сафаров, муовини раиси ҷаъмияти Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус ва ба дор овехтани Аваз Набиеви 22-сола, сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар манзили истиқоматиашон аз онҳое мебошанд, ки ба гуфтаи мақомот “бо сабабҳои номаълум” қасди ҷони худ кардаанд.

Ноболиғон чаро худкушӣ мекунанд?

Агар калонсолон аз шароити вазнини зиндагӣ ё ноумедӣ даст ба худкушӣ задаанд, пас ноболиғон чаро ин корро мекунанд?

Ба гуфтаи таҳлилгарон, падару модарон кӯдаконро бо мушкилоташон танҳо гузошта, аз дарди дили онҳо огаҳ намешаванд, ки ин метавонад ба худкушии онҳо сабаб гардад.

Чанде қабл ноболиғи 13-сола дар Панҷакент, Умеда Эшонқуловаи 14-сола дар Рашт, Тангем Баракаеви 14-сола аз Ҳисор ва Марҳабо Алимардоноваи 15-сола дар ноҳияи Вахш қасд ба ҷони худ карданд.

Равоншинос Маҳмудшоҳ Кабиров мегӯяд,ки  барои пешгирии худкушӣ бояд марказҳои буҳрониро фаъол кард, таблиғоти иҷтимоиро дар ВАО зиёд намуд, равоншиносиро дар Тоҷикистон илми ҷиддӣ арзёбӣ карда, ҳалли моҷароҳоро қабл аз додгоҳӣ шудан ё овоза гаштанашон пайдо кард.

Миҷгона  Ҳалимова,  

махсус барои “Тоҷикистон”  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *