11 200 дастхати нодир дар Академияи улум

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, ки айни замон дар ганҷинаи Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон 11 200 дастхати нодир маҳфуз аст, ки дар асоси онҳо матншиносон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мегузаронанд. Ин нуктаро Фарҳод Қодирович зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш ба рӯзноманигорон ироа кард.

“11 200 дастхате, ки дар ганҷинаи мо маҳфуз аст, хеле нодиранд ва арзиши баланди таърихӣ доранд. Тайи солҳои охир пажӯҳишгарон барои омӯзиш ва баргардони ин дастхатҳо кор карда истодаанд. Феълан матншиносони мо дар бозгардонии “Хазинаи Хоразмшоҳ” машғуланд, ки иборат аз 5 000 саҳифа мебошад. Ин китоби нодири илми тиб як навъ ҷамъбасти дастовардҳои тиб то замони Хоразмшоҳиён мебошад. Ин асар бори аввал бо ҳуруфи кирилӣ дар 10 ҷилди 500 сафҳагӣ ба нашр хоҳад расид.”-гуфт, Раҳимӣ.

Ҳамчунин, номбурда қайд кард, ки Академияи илмҳо нашри куллиёти 7 ҷилдаи Лоҳутиро ба поён расонида ба нашри 26 ҷилдаи куллиёти устод Айнӣ оғоз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *