Худкушии хонандаи синфи 10
Дар ноҳияи Алайи вилояти Ӯши Қирғизистон як хонандаи синфи 10 худкушӣ кард. Дар ин бора мақомоти вилояти Ӯш хабар медиҳанд.
Падари ин хонанда рӯзи 28 декабр ӯро дар ҳавлии манзили зисташон овехта дарёфтааст.
Хешовандони хонанда гуфтанд, ҳеч даъвое надоранд ва аз баргузории ташхиси судиву тиббӣ даст кашиданд.
Ба иттилои милиса, ин наврас аз соли гузашта дар мактаби маҳаллӣ таҳсилро шуруъ кард. Аз синфи 1 то 9 вай ҳамроҳи модараш дар Русия истиқомат ва таҳсил мекард. Ӯ ба Қирғизистон назди падараш баргашта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ