Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш    дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13   ва   рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 23-28  ва рӯзона 9-14  дараҷа сард  мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона  8-3  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, фаромадани  туман дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона   10+15  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда    мешавад.    Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона     8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш дар назар аст.    Ҳаво   шабона 1-3 дараҷа сард  ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *