Худкушии Шаҳноза- муаммои сарбаста
Шаҳноза Ахмедоваи 17-сола аз ҷамоати Ёваи ноҳияи Ғафуров дар гимназияи якуми шаҳри Хуҷанд дар синфи 10 таҳсил мекард. Ба русӣ шеър менавишт ва аз забонҳои русиву немисӣ дарсҳои иловагӣ гирифта, барои таҳсил дар мактаби олӣ тайёрӣ медид. Модараш муаллима ва падараш корманди «Хуҷандводоканал” буд. Ба ин далел касе дарк карда наметавонад, ки чаро ин духтар рӯзи 16 январ худро дар анбори хонаашон овехт. Бибияш мегӯяд, ки он рӯз барои хӯроки нисфирӯзӣ оши палав доштанд, вале Шаҳноза баъди бозгашт аз дарс гуфтааст, ман ош намехӯрам, тухму ҳасиб мехоҳам. Бибии Шаҳноза барояш тухму ҳасиб зад, вале аз ӯ дараке набуд. Вақте ба кофтан даромаданд, ҷасади ба дор овехтаашро аз анбор ёфтанд. Касе аз наздиконаш намедонад, ки чаро Шаҳноза худкушӣ кард?
Рӯзи 16 январ Шаҳноза Ахмедоваи 17-сола дар анбори хонаашон худовезӣ кард. Шаҳноза сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дарГимназияи №-1и шаҳри Хуҷанд дар синфи 10-ум мехонд. Аз рух додани ҳодиса 25 рӯз гузашта бошад ҳам то ҳол сабабҳои сар задани он маълум нест. Раиси ҷамоати Ёва, Ҳасанҷон Шералиев, ки ин оиларо аз наздик мешинохтааст, гуфт:-Аввал аз афзоиши омили номатлуби худкушӣ дар байни ҷавонон афсӯс мехӯрам, ки дар айни ҷавонӣ ба ҷои соҳибилму соҳибкасб шудан даст ба чунин амал мезананд. Баъдан ҳайрон аз мешавам, ки аксар он нафароне, ки даст ба худкушӣ мезананд, хоҳ болиғ бошанд, хоҳ ноболиғ, мувофиқи таҳлилҳои мо, аз оилаҳои солиманд. Баръакс дар оилаҳои носолиме ки дар дафтари ҷамоат ба қайд гирифта шудаанд, ҷанҷолу нофаҳмиҳо зиёд бошад ҳам, куштору худкушӣ нест қариб. Дар давоми ду моҳи соли 2019 ду худкушие, ки дар ҷамоати мо шуд, ҳарду оилаҳои солим ва аз ҷиҳати иқтисодӣ таъминанд. Вале…
Оилаи Шаҳноза яке аз оилаҳои намунавии ҷамоат буд
Раиси ҷамоати Ёва оид ба оилаи Шаҳнозаи ноком чунин гуфт:-Оилаи Ахмедовҳо, ки Шаҳнозаи 17-сола нимаи моҳи январ даст ба худкушӣ зад, яке аз оилаҳои намунавӣ дар ҷамоат ба ҳисоб меравад. Зеро модараш муаллима ва падараш корманди КВДК «Хуҷандобуканал”-и шаҳри Хуҷанд аст.Муҳити оилавии ин духтарак низ комилан солим аст. Зеро аммаҳояш аксаран муаллима ва аз фаъолони маҳалла ҳастанд, ки дар вақти вохӯрӣ бо аҳолӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳодисаҳои номатлуб иштирок ва суханронӣ мекунанд. Бобояш Очилов Аҳмадҷон иштирокчии ҶБВ буданд ва дар ҷамоати обруи хоса доштанд.
Дар акс: Аҳмадҷон Очилов бо Президент Эмомалӣ Раҳмон
Баъди рух додани ин ҳодисаи сангин ба хонаводаи марҳум рафтем ва бо волидонаш сӯҳбат кардем. Аммо онҳо низ дар ҳолати «шок” ҳастанд, ки чӣ хел духтари аълохону боодобашон дар як мижа задан дар ҷои дигар не, балки дар анбори хона даст ба худкушӣ задааст.
Ҷамоати мо, ки беш аз 44 970 нафар аҳолӣ дорад, албатта, ҳодисаву муаммоҳо мешавад, вале бисёр нигаронкунанда аст ки дар давоми ҳамагӣ ду моҳ ду ҷавон худкушӣ карданд, — афзуд Шералиев.
Ман ош намехӯрам гуфту…
Бибии 60-солаи Шаҳноза –Наҷминнисо Ахмедова аз марги нобаҳангоми наберааш модарвор мегиряд ва дар замон «набераи қоматбаланду аълохонамнаход дар ҳамин қадар ҳавлиҳои калони мо наҷунҷидӣ, ки чунин корро кардӣ?” гӯён баландтар мегирист. Баъди каме худро ба даст гирифтан чунин нақл кард: -Аслан ҳамагӣ ду фарзанд дорам, як духтару як писар. Раҳматии Шаҳноза нахустнабераи писариям буд. Орзуҳои илмии ӯ зиёд буд ва орзуҳои ӯро амалӣ кардан ва ба шодияш шодӣ зам кардан дар дили мо зиёдтар буд. Қадду қоматаш арӯсӣ, ҳатто аз қадди модараш баланд шуда буд…
Аз ин хона убол нашуда, арӯс шуда мебаромад, намешуд? Охир дар одоб ва рафтору гуфтор то имрӯз ягон хурду калон ё худию бегона эроде нагирифта буд. Чунон лафзи ширин дошт, ки касеро бе «ҷон” ном намебурд. Бибиҷон, модарҷон, падарҷон…вале бо ин ҷонгӯиҳо маргаш балои ҷони ҳамаамон шуд.
Шаҳноза ҳамон санаи наҳс, яъне 16-январ ҳам бо табъи болида нонушта кард ва ба дарсаш рафт. Соати 1:30 дақиқа аз дарс омад. Модару падараш ҳарду дар кор буданд ва чун ҳамешагӣ ман — дар хона. Аввал сару либоси мактабияшро кашид ва пурсид:- Барои пешин чӣ хӯрок ҳаст? Гуфтам, оши палав.
-Не ман оши палав намехӯрам. Агар тухму ҳасиб бошад, ҳардуро зирбонида мехӯрам, — гуфту рафт. Дар болои плитка хостам тухму ҳасиб пазам. Ҳамин вақт модараш, ки муаллима аст, аз дарс омад. Хӯроки хостааш тайёр шуду аз худаш дарак набуд. Модараш ба ҷустуҷӯ даромад, ки алакай кор аз кор гузашта будааст.
Модар: Шаҳнозаам шоираву забондон буд
Модари ҷигарсӯхтаи Шаҳнозаи ноком — Фирӯза Ахмедовадар коллеҷи санъати тасвирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муаллима аст. Шаҳноза фарзанди калонии ин модар буда, 3 хоҳару як додарча дошт. Аввалин шоҳиди ҳодиса модар аст, ки то ҳол аз ғояти тарс ба қавле «рангаш ранги девор” аст. Фирӯза Ахмедова то ҳол он рӯзи сиёҳеро, ки ба сари ӯву наздиконаш омад, бо гиря ба ёд меорад:
-Рӯзи 16-январ аз дарс омадам, ки Шаҳноза ҳам омадааст. Одатан аз дарс меомад, тез хӯрокашро хӯрда барои дарси иловагӣ мерафт. Азбаски доимо дар мактаби олӣ хонданро орзу мекард, тайёрӣ медид. Бо забони русӣ шеър менавишт ва барои омӯзиши забонҳои русиву немисӣ дарси иловагӣ мерафт. Соат 2 шуд, аммо вақти ба дарси иловагӣ рафтан шуда истода бошад ҳам аз Шаҳноза дарак нашуд. Дастурхон кушодагӣ ва хӯрокҳо тайёр, аммо нигоҳ кунам, ба хӯроки нисфирӯзӣ намеояд. Хонаи хобашро бинам, ки либосҳои мактабияшро ботартиб кашида мондаасту худаш нест. Дар аввал фикр кардам ба хонаи амакбачааш, ки дар поёни ҳавлиямон аст, он ҷо дарстайёркунӣ рафта бошад. Дарҳол ба он ҷо рафтам, вале наёфтам. Омада хонаҳоро кофтам ва дари анборро кушодам, ки дар банди дори сархӯр кашол аст…
«ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ