Трамп аз ғалаба болои ДИИШ мужда медиҳад
Пезиденти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки ҳафтаи оянда омода хоҳад буд шикасти гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ”-ро эълон кунад. Трамп гуфт, низомиёни Амрико бо эътилофи муттафиқонаш ва Нерӯҳои демократии Сурия амалан тамоми қаламрави Ироқу Сурияро аз гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” пок кардаанд.
Рӯзи 6-уми феврал дар Вашингтон ҳайатҳои 79 узви Эътилофи зидди ДИИШ ҷамъ шуда буданд. Дар ин нишаст президенти Амрико гуфт:”Мо мунтазири пешвозгирии сарбозонамон дар Ватан ҳастем”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ