Худованд пул доду бахт надод

Ёд дорам, вақте ки шиму костюми сиёҳро пӯшида, ба қавле бойбача шуда аз дар мебаромадам, модарам сар ҷунбонда мегуфтанд: “Писарам, худованд дар айни ҷавонӣ ба ту давлату сарват додааст, метарсам, ки аз бахт бенасибат мекунад. ” Дар ҷавоб қоҳ-қоҳ зада механдидам ва бо дили пур мегуфтам: “Очаҷон, парво накунед, бароятон чунон келини хушрӯи ҳунарманду чаққоне меёбам, ки даҳони ҳама хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳоятон воз мемонад…”

Мани сода он замон воқеан бовар доштам, ки ҳама чизро дар ин дунё бо пулу мол харида мешавад, вале хаёлам хом баромад. Дар ин саройи дудар чизҳое будаанд, ки агар Худо надиҳад, бо ягон роҳ одамизод онро ба даст оварда наметавонистааст. Яке аз ин ганҷҳои худодод бахт аст, ки мани доною зебою сарватманд аз он бенасибам. Намедонам назди офаридгор чӣ гуноҳи азиме содир карда будам, ки маро аз ишқи пок ва бахту саодати хонаводагӣ маҳрум намуд. Замони донишҷӯӣ духтаракеро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, аммо марги бераҳм фариштаи орзуҳоямро аз ман рабуд. Маҳбубаам ба бемории саратон гирифтор шуда, ин дунёи фиреборо бармаҳал падруд гуфт. Мани ошиқи ноком ду сол дар ҳасрати ишқи ғуррамаргам гиристам, аммо сари зиндаро ба гӯр бурда намешудааст.  Зиндагӣ бо маҷрои худ равон буд ва ин дарёи пурхурӯш маро бо духтари дигаре ошно кард. Аввалҳо аз ӯ хушам меомад, вале баъди шаш моҳи мулоқотҳои ошиқона дарёфтем, ки хислати мо чандон ба ҳамдигар созгор нест. Вақте гуфтам, ки беҳуда ба умеди ман нашуда аз паси зиндагиаш шавад, духтарак исён бардошт, ки агар маро ба занӣ нагирӣ, худамро мекушам. Азбаски як маротиба заҳри марги маҳбубро чашида будам, тарсидам, ки духтарак даст ба худкушӣ мезанаду хунаш ба гардани ман бор мешавад, аз ин рӯ, бо гардани баста, модарамро ба хонаашон хостгорӣ фиристодам. Ҳамин тавр бо тӯю тамошо зану шавҳар шудем. Гумон доштам, ки зиндагиамон мисли ширу шакар ширин мегузарад, аммо орзуҳоям ба коми хазон рафтанд. Духтаре, ки пеш аз тӯй барои ман ба худкушӣ тайёр буд, акнун маро патаки пайтова карда, заррае писанду манзур намекунад. Ягон марди майзадаи бекорхӯҷа мебудам, шояд чандон аламам намекард, вале рӯзи дароз ҷон коҳонда, пули калон кор мекунаму ҳамсарам ба қадри заҳматҳои ман намерасад. Марди баднамуд нестам, садҳо духтарони нозанин дар кӯча ба сӯям бо чашми харидорӣ менигаранд, аммо то имрӯз қадам ба роҳи каҷ наниҳодаам. Намехоҳам ба оилаам хиёнат кунам, аммо рафтори занам рӯз то рӯз маро аз зиндагӣ дилсард гардонида истодааст. Намедонам ба ӯ чӣ намерасад, ки рӯзи дароз дугонабозӣ карда, заррае ба ман аҳамият намедиҳад. Аз бинӣ боло гап занам, қаҳр карда хонаи очааш меравад ва ҳафтаҳою моҳҳо намеояд. Аз чизе камӣ надорам: хона, мошин, давлату сарват, хулоса, ҳама чиз дорам, вале бахт не. Ҳамеша худро бадбахт ва дар биёбони ҳаёт танҳои танҳо ҳис мекунам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Барои таскини дилам ягон маъшуқаи зебою ҷавон ёбам ё кафшҳои ҳамсари ношукрамро пеши пояш монда, зани дигар бигирам?

С, сокини ш. Душанбе.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *