Розия Худобанда — Эрон

Нигоҳат  

Ба чашмони ту муҳтоҷам, нигоҳатро нагир аз ман,

Дар ин ободии вайрон, саломатро нагир аз ман.

 

Дилам савдои ишқатро, камокон зери сар дорад,

Аз ин чашми хуморолуд, шаробатро нагир аз ман.

 

Ту соҳир бошию ман ҳам, қаландар то саҳар бедор,

Дар ин шабҳои зулмонӣ, чароғатро нагир аз ман.

 

Ба зери бориши меҳрат, дилам хиси таманно шуд,

Ту аз ганҷи даруни хеш, лабонатро нагир аз ман.

 

Сукуте талх печида, дар ин майхонаи вайрон,

Аз он лабҳои гулрезат, каломатро нагир аз ман.

***

 Ишқ  

Кош, ки ӯ саҳнанамоӣ кунад,

Дар дили ман боз худоӣ кунад.

 

Рӯзу шабамро ғаму ҳайҳот бурд,

Кош худо шуъбадабозӣ кунад.

 

Аз қафаси сарди танам шокиам,

Кош даме банданавозӣ кунад.

 

Рӯ ба куҷо меравад ин қалби ман,

Кош, ки ӯ аҳлану ҳодӣ кунад.

 

Болу парамро ғами ғурбат шикаст,

Кош дар ин майкада бозӣ кунад.

 

Шод наям аз шарари хуфтагон,

Кош, ки вай дастдарозӣ кунад.

 

Ҳарчӣ  нависам ҳама исёнгарист,

Кош, ки худ қиссасароӣ кунад.

راضیه خدابنده — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *