Хурӯсроҳбарон кистанд онҳо?
Соли Хурӯс, бо такопӯ ва ҷунбуҷӯле, ки худи Хурӯс дорад, дарвозаи моро мекӯбад. Ситорашиносон аслан соли Хурӯсро соли хуб медонанд ва кушода шудани ағлаби гиреҳҳоро маҳз дар ин сол арзёбӣ мекунанд. Аммо аксари коршиносон, махсусан донандагони иқтисод ба соли 2017 он қадар хушбин нестанд ва онро идомаи соли 2016 медонанд. Сиёсати дунё ва идораи он дар дасти роҳбарони давлатҳост. Маҳз роҳбарон метавонанд бо донишу малакаашон ҷомеаи башариро идора кунанд, мисле ки як Хурӯс селаи мокиёнҳоро…
Бинобар ин қарор додем, ки рӯйхати сарварони давлатҳоро, ки дар соли Хурӯс зода шудаанд, пешкаши шумо кунем.
Иброҳим Бубакар Кейта
Калонтарин роҳбаре ки дар соли Хурӯс таваллуд шудааст, Иброҳим Бубакар Кейта, ходими давлативу ҷамъиятӣ ва сиёсии давлати Малӣ мебошад.. Ӯ 29 январи соли 1945 дар Судай, ки дар иҳотаи Фаронса буду ҳоло Малӣ ном дорад, таваллуд шудааст. Ибтидо дар Париж баъдан дар Сенгела ва ахиран боз дар Париж дар риштаи таърих ва сиёсат таҳсил кардааст. Аз солҳои 80-ум ба сиёсат пайваста, аъзои ҳизби сотсиалистӣ шуд. Соли 1994 Кейт роҳбари ҳукумат ва ҳизб таъин шуд. Солҳои 1994 – 2000 Сарвазири Малӣ буд. Аз соли 2013 президенти ин кишвар аст. Бубакарро коршиносон яке аз чеҳраҳои тобноки сиёсат ва хеле устувору ташаббускор арзёбӣ мекунанд. Эҳтимол ҳамин хислатҳои хурӯсонаш буд, ки новобаста аз синну сол роҳбари як давлат аст.
Даниэл Ортега
Дар зинаи дуюми ин рӯйхат Даниэл Ортега — президенти Никарагуа мебошад, ки 11 ноябри соли 1945 ба дунё омадааст. Хосе Даниэл Ортега Сааведра, ходими давлативу ҷамъиятӣ ва сиёсии Никарагуа буда, роҳбари Инқилоби сандинистӣ буд, ки соли 1979 режими худкомаи Анастасио Сомосаро сарнагун кард. Ӯ солҳои 1985-1990 бори аввал ва шурӯъ аз соли 2006 то имрӯз президенти ин кишвар аст. Муваффақиятҳои Ортега дар Никарагуа аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон шинохта шудааст. Ӯ сиёсатмадори қавӣ ва принсипнок мебошад. Ин буд, ки ӯ баъди 16 соли дурӣ аз қудрат тавонист дар интихоботи демократӣ ғолиб ояд ва бори дигар президент шавад. Ортега аз соли 2005 бо шоира Росарио Мурило оила барпо кард.
Усома бинни Лодан
Хислати Хурӯс ва онҳое, ки дар ин сол таваллуд мешаванд, ба худи Хурӯс монанданд ва хислатҳои ӯро доранд. Мисол бархе бисёрзана, бархе ором, бархе пархошгаранд. Яке аз чунин хурӯсҳои пархошгар Усома ибни Лодан, яке аз чеҳраҳои шинохтаи терроризми байналмиллалӣ аст. Ӯ 10 марти соли 1957 дар шаҳри Ар- Риёзи Арабистони Саудӣ, дар оилаи миллиардер Муҳаммад ибни Авад ибни Лодан таваллуд шудааст. Бен Ладон, асосгузор ва Амири аввалини гурӯҳи террористии «Ал — Қоида» мебошад. Ӯро дар ҷаҳон аз ғаддортарин чеҳраҳои терроризм медонанд, зеро ӯ масъулияти таркиши 11 сентябри соли 2001, таркиши сафорати ИМА дар Африқо ва дигар силсилатаркишҳоро ба душ гирифтааст. Солҳои 2001-2011 ФБР барои фош кардани макони Усома ибни Лодан 25 миллион доллар ваъда карда буд. 2 майи соли 2011 Ибни Лодан, бо фармони Барак Обама, Президенти Амрико дар қароргоҳаш дар Абботаботи Покистон нобуд карда шуд. Ибни Лодан борҳо оиладор шудааст ва теъдоди фарзандонаш маълум нест, аммо шабакаҳои интернетӣ миқдори фарзандонашро аз 20 то 26 гуфтаанд. Ситорашиносон бисёре аз хислатҳо ва нишонаҳои зиндагии ибни Лоданро ба Хурӯс монанд мекунанд.
Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирамонович Мирзиёев 24 июли соли 1957 дар ноҳияи Зомини, вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи ирригатсия ва мелиоратсияи Тошканд (1981) буда, шурӯъ аз солҳои 90-ум ба сиёсат пайваст. Соли 1990 вакили Шӯрои олии Ӯзбекистон ва баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ узви Маҷлиси Олии ин кишвар буд. Ҳокими вилояти Ҷиззах (1996-2004), ҳокими вилояти Самарқанд (2001-2003) ва сарвазири Ӯзбекистон (2003-2016) будааст. Баъди марги Ислом Каримов Шавкат Мирзиёев аз 8 сентябри соли 2016 иҷрокунандаи вазифаи Президент ва баъди интихоботи халқӣ, ки 14 декабри соли равон баргузор гардид, Президенти Ӯзбекистон таъин шуд. Хислати дигари Хурӯсро ситорашиносон дар муросо ва мадоро медонанд. Симои Шавкат Мирамонович далели ин гуфтаҳост. Ӯ баробари ба вазифаи роҳбарии Ӯзбекистон нишастан, бо ҳамсоядавлатҳо, ки дар замони ҳукмронии Ислом Абдулғаниевич муносибатҳояшон бо Ӯзбекистон вайрон шуда буд, муросо ва дӯстӣ барқарор кард.
Чимэдйин Сайханблег
Чимэдйин Сайханблег 20 январи соли 1969 дар Дорноди Муғулистон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Донишгоҳи давлатии Муғулистон дар Улан – Батор ва дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Маскав таҳсил кардааст. Ҳамчунин хатмкардаи Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтони Вашингтон аст. Соли 1996 вазири маориф ва депутати парлумони ин кишвар будааст. Солҳо дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият карда, сарвазири ин кишвар буд. Ӯро чун сиёсатмадори сустирода ва тарсу ном мебаранд. Ин аввалин Хурӯсест, ки тарсу мегӯянд
Керсти Калюлайд
Керсти Калюлайд, сиёсатмадори эстонӣ 3 декабри соли 1969 дар Тартуи Эстония ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тартуро хатм намуда, соли 2001 дараҷаи магистриро соҳиб шудааст. Аслан фаъолияти Керстӣ ҷанбаи иҷтимоӣ дошта, солҳо дар лоиҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ кору фаъолият кардааст. Фаъолияти сиёсии ин хонум аз солҳои 2000-ум шурӯъ шуда, моҳи феврали соли 2001 то 2004 аъзои ҳизби «Иттифоқи ватандӯстон» буд. Аз моҳи майи соли 2004 намояндаи ҳукумати Эстония дар Палатаи ҳисоби Аврупо шуда, фаъолият кардааст. То соли 2014 дар умури иқтисодӣ ва молиётии Эстония кор мекард. 27 сентябри соли 2016 парлумони Эстония номзадии ӯро ба президентӣ пешбарӣ кард ва 3 октябри соли 2016 бо гирифтани 81%-и овозҳо аввалин президенти Эстония шуд. Керсти 2 маротиба оиладор шудааст. Бори аввал соли 1988 бо Таави Талвик, ки самараи он писараш Талвик ва духтараш Мярдла аст, хонадор шудааст. Соли 2011 бори дуввум бо Георг Рене Максимовски оила барпо кард, ки аз ин никоҳ низ ду писар дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ