«Ҳамлаҳои солинавӣ» пешгирӣ шуд

Хадамоти амнияти Русия (ФСБ) гуфт, ки ҳафт нафарро бо гумони тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дар остонаи соли нав, боздошт кардааст, ки дастури гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ»-ро иҷро мекарданд.

Ин ниҳоди амниятӣ рӯзи 29 декабр гуфт, ки ходимонаш тарҳрезони амалҳои террористиро дар Доғистон, минтақае дар Қафқози Шимолӣ, боздошт карданд. Ба гуфтаи хадамоти амният ин гурӯҳ мехост бо истифода аз силоҳи автоматӣ ва маводи тарканда дар маконҳои серодам амали террористӣ анҷом диҳад.

Шӯришгарони исломӣ дар Доғистон пайваста ба пулис ва мақомот ҳамла мекунанд ва гуфта мешавад, ки баъзеи онҳо бо гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ» байъат кардаанд.

Аз моҳи сентябри соли 2015, Русия бо ҳадафи кӯмак ба президент Башор Асад, ҳамлаҳои ҳавоиро ба Сурия оғоз кард. Раҳбарони гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» таҳдид кардаанд, ки ба Русия дар қаламрави худаш ҳамла мекунанд.

Биноба ҳисобҳои Русия ҳазорҳо шаҳрванди ин кишвар ва сокинони Осиёи Марказӣ бо ҳадафи сарнагун кардани режими Сурия ва пуштибони он, Маскав, ба шӯришгарони исломӣ ҳамроҳ шудаанд.

Дар пасманзари «таҳдидҳои солинавӣ» мақомоти Маскав барои ҳимояи сайругаштҳои мардум аз тадбирҳои амниятӣ, бо шумули масдуд кардани роҳҳо ва ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии мошинҳои ҳамлагар ба макони ҷашнҳо, кор мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *