Хушдоманам девона аст?
Салом кормандон ва хонандагони ҳафтаномаи дӯстдоштаам «Оила». Ман Оиша, модари чор фарзанд, то имрӯз ба ҷабру ҷафои хушдоман тоқат мекардам, вале оқибат косаи сабрам лабрез шуду ба маслиҳати дугонаҳои азиз муҳтоҷ шуда, нома навиштам.
Даҳ сол пеш ба як хеши дури падарам ба шавҳар баромадам. Хушдоманам як писару 3 духтар дорад. Духтаронаш кайҳо ба шавҳар баромада, аз паи бахту зиндагии худ ҳастанд. Намедонам аз чӣ бошад, ки аз рӯзи аввал ситораи ману модаршӯям ҳеҷ бо ҳам рост наомад. Хушдоманам ҳар чизро баҳона карда ба сари ман дод мезад, ҳатто даст мебардошт. Ҳар бегоҳ ба писараш гапҳои дурӯғ гуфта моро ҷанг меандохт. Мабодо бачааш ба сари ман даст набардорад, ӯро номарди занкалон номида “ман ба ҷои ту занатро се талоқ кардам” гӯён, ҳавлиро ба сараш мебардошт. Баъзан ду хоҳарашо ҷеғ мезад ва холаҳои шавҳарам бо апаашон якҷоя шуда, маро мурдакӯб мекарданд ва маҷбур менамуданд, ки фарзандонамро гирифта баромада равам. Солҳои аввал бо дидаи гирён ба хонаамон рафта, моҳҳо меистодам, вале маро дубора ба хонаи шавҳарам меоварданд, чунки падарам барвақт аз сар гузаштаву модарам моро тани танҳо калон карда буд ва намехост, ки набераҳояш низ бе падар монанд. Ғами зиндагии талхи ман оқибат модарамро ба беморӣ гирифтор намуд. Фишори хунаш баланд шуда, ҳолаташ чунон вазнин мешуд, ки хаёл мекардӣ ҳамин ҳоло ҷон аз баданаш мебарояд. Аҳволи модарамро дида қарор додам, ки ба ҳамааш тоқат карда зиндагиро дар хонаи хушдоманам давом медиҳам ва дигар ҳеҷ гоҳ қаҳр када ба хонаамон намеравам. Хомӯшии ман модаршӯямро боз ҳам бераҳмтар гардонидааст. Ин зани умраш ба ҷое расида чунон корҳое мекунад, ки ба ақли солим рост намеояд, масалан, ҳангоми хӯрок пухтанам мисли балои осмонӣ якбора аз банди мӯям дошта маро мурданивор мезанад. Ин ҳама ҷабру зулмаш кам набуд, ки ба бародарони раҳдури ман часпида онҳоро дуоҳои бад мекунад. Дирӯз ин занаки сарсафед ибо накарда дар рӯйи модарам “мурдаҳои бачаҳоятро аз Россия биёранд” гуфтааст. Фишори хуни модарам баланд шуда, қариб мурда буд. Ҳамсояҳо маро насиҳат карда мегӯянд, ки тоқат кун, хушдоманат дар ин дунё сутун намешавад-ку, вале косаи сабрам лабрез гаштааст. Фикр мекунам, ки хушдоманам ягон бемории ноаёни руҳӣ дорад. Магар одами солим бе ягон сабаб ба келинаш ҳамла карда, рӯю мӯйи ӯро канда мегирад? Дугонаҳои азиз, модаршӯям на танҳо маро аз ҷони ширинам безор кардааст, балки ҷони фарзандонамро низ ба лабашон меоварад. Кӯдаки калониам 9- солаву дуюмӣ 7- сола аст, кампир ба ин ду тифли бегуноҳ чунон гапҳои қабеҳу бемаъние мезанад, ки забони кас ба такрор карданашон намегардад. Ду рӯз дар хонаи мо тинҷӣ бошад, як ҳафтаи дигар ҷангу ҷанҷол аст. Ману фарзандонам аз доду фиғони ин кампири ҷангара безор шудаем. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед!
Оиша, шаҳри Душанбе.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ