Раънои Сафарзод — Тоҷикистон

Оташи афрӯхта

Оташе андар дили бечораам афрӯхтӣ,

Хонаи дилро ба ишқи оташинат сӯхтӣ.

Бо хаёли оризат гардид ин шабҳо саҳар,

Эй маҳи хубон ҷафокорӣ чаро омӯхтӣ.

Интизорӣ мекашам, ин шоми ҳиҷрон то ба кай,

Ин қадар чашми маро дар доми васлат дӯхтӣ.

Дилбаре сангиндилу он ёри бе раҳму вафо,

Шоми ҳиҷронам сияҳ, чун мӯйи қатрон сохтӣ.

Бо саманди ишқбози рӯйи майдон оқибат,

Бозии ишқро ба мисли гӯйи чавгон бохтӣ.

Захмҳо аз теғи чашму теғи абруят бадал,

Дар раҳи ишқу вафо чун тӯшае андохтӣ.

***

 Суруди дил

Бахти хоболуди ман оқибат бедор шуд,

Дил даруни синаам бишкуфту чун гулзор шуд.

Мурғи илҳомам биёву бар сарам парвоз кун,

Як нафас бо ман нишину шеъри нав оғоз кун.

Болу пар бикшо ба ман, эй шеъри ман, парвоз кун,

Рӯй дар бахти ҳама инсониятро боз кун.

Дар ҳама кунҷу канори даҳр бар овози ман,

То суруди сулҳро хонӣ ҳама бо сози ман.

***

Надонист

Дил буд шеъри бемор, табиби ман надонист,

Аз ҳоли ман рамида, ҳабиби ман надонист.

Ранги рухам парида, бо хотири парешон,

Ларзида таб кардам, чун кори кӯҳ вулкон.

Дар осмони хотир, омад раъди ғуррон,

З-он рӯй чеҳраам рехт бо мисли дурру марҷон.

Бишкуфт ғунчаи дил, ман гашта чеҳрахандон,

Гӯё, ки аз вуҷудам шуд оламе гулистон.

رعنای صفرزاد — تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *