Хушнуд Ҳамроев барои қатли маъшуқааш ҳукми тӯлонӣ гирифт

Хушнуд Ҳамроев, ки як духтари 17-соларо ба қатл расонд, дар колонияи низомаш сахт 15 сол маҳкум ба зиндон шуд. Ба ҷуз аз қасдан боиси марг, ӯ тибқи се моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ — таҳдид ба куштор, шиканҷа, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ гунаҳкор дониста шудааст.
Ахиран Суди ноҳияи Советскии шаҳри Новосибирск ба парвандаи пурсарусадои Хушнуд Ҳамроеви тоҷик хотима гузошт. Азбаски парванда, аз ҷумла, ҷиноят алайҳи дахлнопазирии ҷинсии духтари 17-соларо дар бар мегирад, паси дарҳои баста баррасӣ гардидааст. Ба иттилои расонаҳои Русия, ба журналистон танҳо барои шунидани қарори ниҳоӣ иҷозат дода шудааст.


Тафсилоти ҳодиса чунин аст. Тобистони соли 2022 духтар тасмим гирифтааст, ки аз Хушнуд ҷудо шавад. Хушнуд Ҳамроев аз ин розӣ нашуда, ӯро таъқиб карда, бо зӯроварӣ таҳдид ва ҳатто латукӯб кардааст. 26 июли соли 2022 Ҳамроев дӯстдухтари худро бо 17 зарбаи корд ба ҳалокат расонидааст.
Сабаби ба ин амал даст задани ҷавони тоҷикро шиносҳои духтар аз рашк гуфтаанд. Ба гуфтаи онҳо ин ду ҷавон тайи ду сол бо ҳам муносибат дошта, як ё ду моҳ пеш аз ҳам ҷудо шудаанд.Чанд рӯз пеш то ҳодиса ҷавон гуфтаааст, ки маъшуқаам “ё аз ман мешавад, ё аз ҳеҷ кас намешавад”.

Инчунин, Суди вилояти Новосибирск даъвои ҷабрдидагонро қонеъ намуда, айбдоршавандаро ба пардохти 400 ҳазор рубл ҳамчун зиёни моддӣ ва 2 млн 500 ҳазор рубл зиёни маънавӣ вазифадор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *