Хушрӯзи худкуш чаро ба ин кор даст зад?

Сокини деҳаи Куми ноҳияи Айнӣ Қушаев Хушрӯз, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекард, аз қисми ҳарбӣ  фирор карда, рӯзи шанбеи 29 апрели соли равон, худро дар хонаашон ба дор овехтааст. Сабаби қасди ҷони худ кардани ин сарбоз маълум нест.

Кормандони милитсияи ноҳия ба ҷойи ҳодиса рафта, ҷасадро ташхис карданд ва баъди ин  Хушрӯз Кушаевба хок супоридаанд. Минбаъд,  асноди марбут ба марги ин сарбозро ба прокуратураи вилояти Суғд равон кардаанд. Нисбати ин қазия прокурори ҳарбии вилояти Суғд парванда боз кардааст ва тафтиш идома дорад.

То ҳол маълум нест, ки сабаби худкушии ин сарбоз чӣ аст ва чаро қасди ҷони ҷавони худ кардааст? Гуфта мешавад, бародари Хушрӯз низ дар ҳамон қисми ҳарбӣ хидмат мекард, вале ӯ дар бораи ягон мушкил доштанаш ба бародари худ низ чизе нагуфта, ногаҳон аз ҷои хидмат фирор кардааст. Барои сокинони деҳаи Кум ин ҳам муаммост, ки ӯ чигуна аз қисми ҳарбӣ фирор карда, худро то ба зодгоҳаш бирасонад? Тафтишоти сабаби худкушии сарбози гуреза идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *