25 ҳунари “Дастони моҳир”-и Ҷаббор Расулов

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озмуни “Дастони моҳир” баргузор гардид.

Чорабинии асосии озмун дар назди хиёбони Исмоили Сомонии маркази ноҳия бо иштироки роҳбарият ва намояндагони мақомоти маҳалливу ҷамоатҳо, фаъолон ва наздик ба 100 нафар ҳунармандону устоёни касбу кори гуногун сурат гирифт.

Дар озмун аз ҷониби косибону ҳунармандони чирадастӣ панҷ ҷамоати ноҳия беш аз 25 намуд маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба маърази иштирокдорону ҳакамони озмун гузошта шуд.

Дар баробари устоёни соҳибтаҷриба муҳассилини маҳфилҳои ҳунаромӯзии макотиби миёнаи ноҳия низ бо маҳсули меҳнати худ, аз қабили наққошиву чубкорӣ, рассомиву гулдузӣ ва ғайраҳо иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ зикр гардид, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории озмуни «Дастони моҳир», пеш аз ҳама, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, махсусан рушд додани ҳунарҳои хос мардумии косибони маҳаллӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба инкишофи бонизоми намудҳои гуногуни ҳунармандӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *