Арзи сипос ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода

 

Ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ.

СИПОСНОМА

​Муҳтарам Вазир! Мо кулли кормандони ШБДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пеш аз ҳама ба Шумо миннатдории худамонро ҷихати дастгириҳои пайдар-пай, аз таҳти дил фаҳмидани мушкилҳои ҳар як корманди милитсия ва сиёсати хирадмандонаатон дар пешбурди фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, таъсиси шароити хуби корӣ ва бархӯрдории кормандони милитсия аз дастгириҳои роҳбарияти Вазорат баён медорем.

​Ба мо имрӯз муждае расид, ки дер боз онро мо интизор будем ва намедонистем, ки дардамонро ба кӣ баён намоем. Дарун-дарун месӯхтем, ки дар сафи корманди мақомоти корҳои дохилӣ чунин кормандон низ ҳастанд, ки ҳар рӯз, ҳар соат ба шаъни корманди ин ниҳоди қудратӣ доғ меоранд.

​Имрӯз мо дарк кардем, ки ба чунин шахсони«худам шоҳу табъамвазир»низ адолат дастандаркор мешавад ва чунин кормандони тасодуфиро аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ пеш мекунанд.

​Ин шахс, ана акнун собиқ корманди ШБДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд лейтенанти калони милитсия Атаханзода Ҷамшед Ғуфрон буд, ки дирӯз бо фармони Шумо аз мақомаш сабукдӯш карда шуд.Агар имкон мебуд, бо бо шиору плакатҳо ба кӯчаҳо баромада ин хабари хушро тантана мекардем.

​Ин шахси «мӯътабар» чанде пеш дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ низ фаъолият менамуд ва маҳз барои даст задан ба амалҳои қонуншиканӣ як маротиба аз сафи мақомот пеш карда шуда буд. Вай як маротиба не, ҳатто ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, дар мавриди якумаш барои содир кардани садамаи нақлиётӣ суд шудааст ва бо ҳар гуна роҳу усул нисбаташ Қонуни авф татбиқ карда шудааст. Агар шахсе, ки нисбаташ қонуни авф татбиқ шуда бошад, вай аз нигоҳи қонун гунаҳгор ҳисобида мешавад, лекин бо кадом роҳу усул вай, ки пештар суд шудааст, ба кор даромад,ҳамаи моро ҳайратзада карда буд.

Маротибаи дуюм аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд нисбати ӯ боз барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба суд фиристода шуда буд. Лекин ин парванда бо туфайли «тағоҳояш» дар мақомоти судӣ обу лой шуда вай аз ҷавобгарӣ раҳо монд.

​Мегӯянд, ки аз ҷавобгарӣ дур мондан боз гуноҳро ба бор меоварад ва ҳамин хел ҳам шуд.

​Атаханзода Ҷамшед Ғуфрон тавассути як катор ҷинояткорони шаҳри Хуҷанд, ки дар давраи кориаш ба онҳо кӯмак менамуду сирру асрори мақомоти милитсияро ба онҳо фахмидаву нофахмида мегуфт, вайро бо яке аз наздикони Пешвои Миллат Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Ҷаноби ОлӣЭ.Раҳмон Солеҳзода Файзиддин, ки домоди акаи Ҷаноби Олӣ мебошад наздик намуданд. Ҳамон вақтҳо Солеҳзода Файзиддин хамчун нозир ба ШБДА вилояти Суғд барои кор омада буд.

​Аз ин ҳолат Атаханзода Ҷамшед Ғуфрон истифода намуда, бо ӯ шиносоӣ пайдо намуда, боз идораи ШБДА-ро макони худ ва кормандони БДА-и вилоятро ғуломи худ ҳисобида, даст ба ҷиноят ва қонунвайронкуниҳо заданро сар кард.

​Рафта-рафта вай идораи БДА-и вилояти Суғдро ба бозор табдил дод гӯем, ҳам хато намекунем. Гарчанде Атаханзода Ҷамшед Ғуфрон корманди БДА набошад ҳам, шабу рӯз хамроҳи Солеҳзода Файзиддин мегашт. Вай маблағҳои мегирифтаашро барои рақамҳои давлатии якхела ва ба ибораи дигар «пури нол» ё «крутой» ба номи Солеҳзода Ф. мегуфт, лекин он тарафашро худаш медонаду боло Худо.

​Ҳамин тавр, дар як давра Солеҳзода Файзиддин сардори ШБДА вилояти Суғд таъин шуд ва ин хизматгори худашро, ки доим ба хизмати хирсона машғул буд, бо кадом роҳу восита ба кор даровард.

​Атаханзода Ҷамшед Ғуфрон фавран имкониятро аз даст надода барои тарсонидани кормандони БДА ва бо хамин роҳ мутеъ намудани онҳо ба худ аввал аз иғвогарӣ сар карда, бархе аз кормандонро ба сардори БДА Солеҳзода Файзиддин сиёҳ карданро сар кард.Вақте ки мавҷи аз кор озод кардану ба ноҳияҳои дур ба кор гузаронидани кормандони сиёҳкардаи Атаханзода Ҷамшед сар шуд, вай ба ситонидани маблағи пулӣ аз кормандони сиёҳшуда сар кард. Вай ба мо мегуфт, ки шумо ба қарори протоколи ҷаласа оиди ҷойивазкунӣ ворид шудед ва бояд ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ равед ва ё ба деҳаи Ворух меравӣ ва ғайраҳо. Албатта, кормандоне, ки дар гирду атрофи шаҳриХуҷанд зиндагӣ менамуданд ба ноҳияҳои дурдаст рафтанро намехостанд.

Ба онҳо ва шахсан ба ман ҳам, ки дар сафи «сиёҳон» будам гуфта буд, бо маблағи 3000 доллари Амрико манро боз ба ҷоям мегузаронад. Ин маблағ барои сержантҳо мебошад, барои афсарҳо бошад вай аз 5000 то 10 000 ҳазор ва аз ҳар корманди РЭО бошад то 20 000 ҳазор доллар талаб менамуд. Вай аз ман маблағи пулиро гирифта, лекин ба ин ваъдааш вафо накард ва ман маблағи пулиамро то ба ҳол гирифта натавониста истодаам.

​Баъдан вай фаъолияти ауксионро, ки дар он рақамҳои давлатӣ ба фурӯш бароварда мешаванд қариб, ки аз байн бурд гӯем хам, хато намешавад. Вай додани рақамҳои крутойро зери назорати худ гирифт ва бе иҷозати ӯ дигар кормандони БДА ҳақ надоштанд, ки ягон рақами якхеларо ба шаҳрвандон диҳанд.

​Ба қайд мондану аз қайд баровардани автомашинаҳои гаронбаҳои дуздидашуда танҳо тавассути ӯ сурат мегирифт ва албатта барои ин маблағи пулии ҳангуфт дарёфт мекард.

​Як ҳолати дигаро қайд кардан ба маврид аст, ки дар БДА вилояти Суғд ба қайд мондан ва аз қайд баровардани автомашинаҳое, ки худашон нестанд ва онро корманди БДА бо чашмаш наидидааст бар ивази маблағи пулӣ ба дараҷаи аъло рафта расид. Ин ҳолат метавонад аз ҷониби террористон, ки таркиш содир кунанд, низ истифода шавад. Онҳо метавонанд бо дигар ҳуҷҷат дигар автмоашинаро ба қайд монанд ранги мошинро метавонад дигаргӯянд ва ғайраҳо ва баъди таркиш онро кофта ёфта ҳам намешавад, ки мошини дар таркиш истифодашуда ба кӣ тааллуқ дорад.

Ҳамчунин ба ҷинояткорони шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсон шароит пайдо шуд, ки аз Атаханзода Ҷамшед гирифтани маълумот доири фаолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва масъалаҳои оилавии Президенти Тоҷикистон ва паҳн кардани ҳар хел овозаву дарвозаҳо маълумотҳои зиёд дастрас намоянд.

Вайро онҳо ба сари дастархон даъват мекарданду тамоми сирру асрори кормандони милитсия, дар маҷлисҳо чӣ супоришу дастурҳо шуданашро, Солеҳзода Файзидин дар бораи Президент Ҷаноби Олӣ чӣ гуфтанашро бо навбат чун афсона нақл карда медод.

Мо кормандони БДА, аз супоришҳои пайдарпайи вай, харид кардан ба хонааш, сӯзишворӣ рехтан ба автомашинаҳояш, ба ин тарафу он тараф бурда оврадани падари ба ном Ҳоҷияш, иҷрои дастурусупоришҳои занаш ба ҷон омада будем. Дар шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он аз дасти ин Атаханзода Ҷамшед кор кардан мушкил буд. Зеро тамоми ҷинояткорон, шахсони ҳукуқвайрокунанда, аз чароғаки сурх мегузашта, тартиботро риоя намекарда, бо шишаҳои сиёҳи наповал шиноси ӯ мебошад. Ҳамин хел мошинро манъ мекунӣ, дар телефон овози Атаханзода Ҷамшед, ба истилоҳ гӯем «сардори БДА» вилоят мебаромад. Телефонро нагирӣ ҳам дар бало мемондӣ. Рафта-рафта вай чунин тартиб ҷорӣ кард, кимо маҷбур шахси корманди ба мо роҳбар набударо маҷбур «шеф» ва «сардор» мегуфтагӣ шудем.Агар сардори ШБДА-ро шеф нагӯем, вай намеранҷид, агар Атаханзода Ҷамшедро шеф нагӯӣ, рӯзат сиёҳ буд.

Лекин тарсида лом гуфта наметавонистем. Чунки вай дар як рӯз моро дар назди Солеҳзода Файзиддин сип-сиёҳ карда, метавонист аз вазифаамон сабукдӯш кунад.

Мо ҳама бори дигар ба Шумо Вазири мӯҳтарам миннатдории худамонро баён дошта, боварӣ ҳосил кардем, ки шумо сафи милитсияро аз чунин ашхоси палиди тасодуфӣ, боғараз, ба савганди худ ва ҳалку Ватани худ содиқ набуда пок месозед. Маҳз ин нуктасанҷии шумо буд, ки адолат тантана кард ва БДА вилояти Суғд аз чунин корманд халос шуд.

 

Бо эҳтиром, кормандони БДА вилояти Суғд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *