Хушунати оилавӣ: Чаро навхонадорон зуд ҷудо мешаванд?

Дар давоми 9 моҳ ба Маркази занони “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд 1240 занону духтарон муроҷиат кардаанд, ки бештарашон ниёзманди ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ буданд.

Тарс аз зӯроварӣ ва зӯровар

Ба гуфти  Сабоҳат Бобоҷонова, психологи ин марказ дар давоми 9 моҳ 597 нафар бо мушкилоти ҳуқуқӣ ва 458 нафар бо мушкилии равонӣ  муроҷиат кардаанд.

Оиди сабабҳои ба хушунати хонаводагӣ  гирифтор шудан ва ҳатто солҳои зиёд  дар муҳити оилаи ҷанҷолию носолим сабр карда зиндагӣ кардани занони хушунатдидаро  Бобоҷонова  дар   набудани паноҳгоҳи дигар ва пойбанди иқтисодӣ будани занҳо мебинад.

“Бояд зикр намуд, ки бештари муроҷиаткунандагони ин марказ гирифтори хушунати хонаводагӣ мебошанд. Азбаски онҳо паноҳгоҳе надоранд, маҷбур мешаванд, ки бо зӯровар зиндагонӣ кунанд. Дар ин ҳолат саволе ба миён меояд, ки бо кадом сабаб ҷабрдидаҳо аз дасти зӯровар баромада намераванд? Чунки ба занҳо вақти муайян лозим аст, ки онҳо ба хулосаи аниқ оянд. Боз дигар сабабҳое низ мавҷуданд, ки ҷабрдида аз дасти зӯровар барои он баромада намеравад, ки ин аз худи ҷабрдида вобаста аст.

Аз нақли як хушунатдида: — Тирамоҳи соли 2018 аз шаҳри Хуҷанд ба ҷамоати Исфисори  ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров  келин шудам. Саҳарӣ ҳавлӣ рӯфтам ва хокрӯбаҳоро, ки бештараш  хазон буд,  ҷамъ кардам. То омадани хоҳарарӯсам  омода бошам гуфта, саросема ба хона даромадам.  Баъди як-ду дақиқа хоҳаршӯям даромад ва дарро тақ-тақ накарда бошиддат кушоду гуфт: -Нав аз пеши акоям баромадӣ, боз хокрӯбаҳоро тоза накарда, давида даромадӣ?! Дар оилаи мо ин хел қоидаи ҳаромкорию нимкорарӯбӣ нест! Ҳавлии одами зинда бояд мисли оина бошад, ки рӯйро дида шавад!-нақл кард Шабнам Шокирова (номи қаҳрамон бо хоҳиши худи ӯ дигар карда шуда,  номи аслӣ, аксҳо ва сабтҳои садоияш дар ихтиёри муаллиф аст).

Аз рӯзи аввал фаҳмида мон, ки модарам не, ман корубори туро назорат мекунам! Модарам  занаки дилсӯз, ҳозира келинчако садқаи дилсӯзии хушдоман шаванд…

Бо ҳзамин аз рӯзи аввали оиладорӣ хушунат ба ман сар шуд. Хоҳаршӯям, ки бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда, дар оилаи мо зиндагӣ мекард, шабу пагоҳ оташи ҷанг дар оилаи мо фурӯзон буд. Духтарчаҳояш ба хонаи хобам даромада, тамоми атру упоямро ба рӯи замин рехта мерафтанд ва як бор барои “дастонат равғанолуд, куртаамро нақап” гуфтан хоҳаршӯям 9 куртаи арӯсиямро бо қайчӣ пора-пора кард. Вақте сабаб пурсидам, гуфт- Як тори қоши духтарам  аз сад куртаи ту боло меистад.

Хулоса хушунати равонию иқтисодиро давоми 9 моҳи зиндагиям танҳо хоҳаршӯям нишон дод ва коре кард, ки маҷбур шавам бо пои худам аз хона баромада равам…

 Омилҳои асосии муноқишаи оилавӣ

Сабабу омилҳои асосии хушунат ва муноқишаҳои хонаводагиро масъулини Маркази зидди хушунати занҳо, САҲШ-и вилоят  ва кормандони  Раёсати кор бо  занон  ва оилаи назди МИҲД-и вилоят дар ҳар баромади худ ва нишастҳои матбуотӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ба гуфти масъулини сохторҳои зикршуда сабабҳои асосии ба миён омадани муноҷиша дар оила  тарбия (давраи мутобиқшавии зан ба оилаи шавҳар, тайёр набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, номустақилиятии ҷавонон (такя ба волидайн) мебошад.

Дуюм муаммои психологӣ, муаммои иқтисодӣ, майнӯшӣ ва нашъамандӣ, никоҳи барвақтӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва  телефонҳои мобилию интернет ва ба ин монанд даҳҳо омилҳои дигар мавҷуданд.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *