Парвозҳо ба Деҳлӣ аз нав гирифта мешавад

Ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр” аз 26 ноябри соли 2019, рӯзи сешанбе парвози нави ҳарҳафтаина байни Душанбе ва Деҳлиро оғоз мекунад.

Дар ин бора ба сомонаи “Pressa.tj” Ниматулло Соҳибов, ёвари директори генералии ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” хабар дод.

Бино ба иттилои вай, парвозҳо ҳафтае як маротиба байни Душанбе ва Деҳлӣ анҷом мешавад.

“Агар талабот зиёд бошад ва мусофирон афзояд дар оянда имкони дар як ҳафта ду маротиба парвоз дар назар аст”, — гуфт Ниматулло Соҳибов.

Зимнан, 10 декабри соли 2018 бо сабабҳои мушкилоти молиявӣ масири парвози Душанбе ва Деҳлӣ қатъ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *