Хусур келинашро дар рӯзи ошиқон кушт
Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан марди 52-солаи сокини деҳаи Қалъачаи-Калони шаҳри мазкур омада, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми феврал, тахминан соати 13:00-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо келинаш, зани 27-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо табар 6-маротиба ба аъзои баданаш задааст.
Дар натиҷа, келинаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ