Се мурда дар се садама

Рӯзи 15-уми феврали соли 2019, тахминан соатҳои 11:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-3507», Каримов Равшан Раҳимович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Конибодом, ронанди корхонаи воҳиди давлатии «Нури нав-2016», ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Кучкаки ҳамин шаҳр, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ, Зикриёев Фарҳодҷон Зокирович, соли таваллудаш 2008, сокини деҳаи Кучкакро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Зикриёев Ф. З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 14-уми феврали соли 2019, тахминан соатҳои 21:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Муродалиев Зайниддин Файзалиевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти бозори ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф” ба самти бозори ҶДММ “Нихи”-и шаҳри Бохтар аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Гулов Гулмаҳмад Элмуродович, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри мазкурро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Гулов Г.Э. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 15-уми феврали соли 2019, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, Ҳамидов Адуқодир Ҳакимович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Симиганҷ ба самти ҷамоати деҳоти Н.Розиқи ш.Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи Шарифов Хусрав Озарович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри мазкур, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху” Ҳамидов А.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *