Иқдоми шоиста. Дар ноҳияи Дӯстӣ 30 омӯзгор соҳиби замин шуданд

Дар арафаи таҷлил аз Рӯзи омӯзгорон 30 омӯзгори ҷавон дар ноҳияи Дӯстӣ бо замин барои бунёди хона таъмин шуданд. Бо замин таъмин кардани шумораи зиёди омӯзгорон қариб ки дар ин минтақаи кишвар ҳанӯз собиқа надорад.

Шаҳноза Маҳмадсаидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар як қарори раиси ноҳия якбора 30 омӯзгори эҳтиёҷманд бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд. Ӯ мегӯяд, омӯзгороне, ки бо замин таъмин шудаанд, асосан омӯзгорони ҷавон мебошанд. Ба гуфтаи вай, сертификати замини наздиҳавлигӣ дар маросими таҷлил аз Рӯзи омӯзгорон ба мутахассисони ҷавони соҳаи маориф тақдим карда шуд, ки онҳо бениҳоят хурсанд шуданд: “Роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ пешниҳоди шуъбаи маорифро ҷонибдорӣ кард ва хушбахтона 30 омӯзгор соҳиби замин шуданд. Соли гузашта 3 омӯзгор бо замин барои бунёди хона таъмин шуда буданд. Имсол ин шумора ба 30 нафар расонида шуд”.

Шаҳноза Маҳмадсаидзода афзуд, ки дар оянда боз ҳам ба масъалаи дастгирии омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ки “боз барои додани замин ба 60 омӯзгори дигар ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ пешниҳод кардаем. Боварӣ ҳаст, ки марҳила ба марҳила омӯзгорони эҳтиёҷманд бо замин таъмин мешаванд”.

Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҳам дар як хабарнома гуфтааст, ки “дар як рӯз якбора соҳиби замин шудани 30 омӯзгор аз як ноҳия бори аввал буда, нишонаи баландтарини эҳтиром нисбати омӯзгор маҳсуб меёбад”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *