Остона мизбони ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ

Моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Остона ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.

Дар ин бора  дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар додааст. Ҳамчунин, нишасти Шӯрои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва нишасти «Осиёи Марказӣ-Россия» пешбинӣ шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон кушодашавии аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиро барои инъикоси рӯйдодҳои зерин эълон мекунад: 13 октябр – нишасти VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, 14 октябр — ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, 14 октябр – нишасти «Осиёи Марказӣ- Россия»,- гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *