Иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, донандаи се забони хориҷӣ. Рустами Эмомалӣ зодрӯз дорад

Имрӯз, 19 –уми декабр раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зодрӯз дорад. Ӯ ба синни 36 қадам мегузорад.

Рустами Эмомалӣ соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009—2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2011—2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2012—2013 ҳамчун муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2015 то январи соли 2017 дар вазифаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа дошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифа ва аз 4 апрели соли 2017 ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Аз 17 апрели соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ аст.

Ҳоло Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси ҷавони навовару ободкор миёни ҷомеа бештар маҳбубият пайдо кардааст. Онҳое, ки дар тими  Рустами Эмомалӣ ҳастанд, мегӯянд, ки ӯ кам сухан мегӯяд ва худро дар амал нишон медиҳад. Дар атрофаш ҷавононеро ҷамъ овардааст, ки аз IT технологияи муосир бархӯрдоранд. Ӯ дар чанд соли охир Душанберо ба яке аз шаҳрҳои зебову намунавии дунё табдил додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *