Рустами Эмомалӣ ба 7 варзишгари пойтахт хона туҳфа кард

Имрӯз, 19 октябр раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ҷоизадорони 19-умин Бозиҳои Осиёиро ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳри Душанбе варзишгаронро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ҳанҷоуи Чин ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Раиси шаҳри Душанбе  Рустам Эмомалӣ ба барандагони нишони тиллоӣ 19-умин Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев калиди хонаи 3-ҳуҷрадор тақдим намуд.

Ба барандаи нишони нуқраи Бозиҳои Осиёӣ Темур Раҳимов калиди хонаи 2-ҳуҷрадор  ва ба барандагони нишони биринҷии 19-умин Бозиҳои Осиёӣ – Миҷгона Самадова, Беҳрӯз Хоҷазода, Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров калиди хонаи 1-ҳуҷрадор супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки медалҳои Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) нишони нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) нишони биринҷӣ, аз риштаи кураш Хайрандеш Муродзода (-66 кг) бо Ҳақназар Назаров (-90 кг) нишонҳои биринҷӣ ва аз риштаи бокс Давлат Болтаев (92 кг) нишони тилло ва Миҷгона Самадова (-57 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *