Иҷрои барномаҳои давлатӣ ва рушди устувор дар Бохтар
Шаҳри Бохтар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириҳои Пешвои миллат ба маротиб рушд карда, ба як шаҳри пешрафтаи вилояти Хатлон тадбил ёфтааст. Роҳбарияти шаҳр талошҳои худро баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани ин гӯшаи диёр равона карда, азм доранд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло Раҷаб мегӯяд, ки “маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми шаҳр, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар шаҳр густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори соҳаҳо таъмин гардид”.
Иҷроиши буҷет
Нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 123,6 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 6,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 61,6 млн сомонӣ ё 96 фоиз иҷро гардидааст.
Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ 13,2 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми июли соли 2023 дар шаҳр 5152 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 921 субъект тариқи патент, 3213 субъект тариқи шаҳодатнома ва 1018 шахсони ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2021-2025-ум 86 лоиҳаро ба маблағи 1445,6 млн сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми июли соли 2023 дар шаҳр 30 лоиҳа ба маблағи 277,9 млн сомонӣ пурра амалӣ гардида, 39 лоиҳа ба маблағи 792,6 млн сомонӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи умумии корҳои иҷрошуда 1 млрд 71 млн 677 ҳазор сомонӣ ё худ 74,1 фоизи барномаро дар бар мегирад.
Рушди кишоварзӣ
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 71,0 млн сомониро ташкил додааст (106,2%), ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 3,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1161 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки аз он кишти ғалладонагиҳо 176 гектар, зироатҳои техникӣ 253 гектар, сабзавот 487 гектар, картошка 74,8 гектар ва зироатҳои хўроки чорво 170,3 гектарро дар бар мегирад. Нақшаи дурнамои кишти зироатҳо бошад, дар майдони 436,2 гектар анҷом дода шудааст, ки ин 105 фоизи дурнаморо дар бар мегирад.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 3877 сар, аз ҷумла модагов 2008 сар, чорвои майда 5978 сар, паранда 8980 сар ва асп ба 18 сар расонида шудааст.
Истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ 535,3 тонна ғалладона, 1042,8 тонна картошка, 9300,1 тонна сабзавот, 116 тонна меваҷот, 676,9 тонна хўроки чорво, 32,7 тонна гўшт, 240,1 тонна шир, 100,3 ҳазор дона тухм ва 4,3 тонна пашм буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта картошка 359,9 тонна, сабзавот 26,5 тонна, меваҷот 1 тонна, гўшт 1,7 тонна, шир 11,1 тонна ва тухм 4 ҳазор дона зиёд мебошад.
Саноат ва энергетика
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 145,8 млн сомонӣ (101,4%) расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар ҳаҷми 106,3 млн кВт/соат ба маблағи 34,1 млн сомонӣ қувваи барқ истифода намудаанд. Ҷамъоварии маблағи нерўи барқи истифодашуда 85,6 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 89,5 фоизро ташкил медиҳад.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар ин давра сармояи асосӣ дар соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 59,6 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 12,1 млн сомонӣ кам мебошад. Фондҳои асосии ба истифода додашуда 23,7 млн сомониро дар бар мегирад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 27,9 млн сомонӣ кам аст.
Ҳаҷми корҳои пудратӣ дар шаҳр 35,1 млн сомониро ташкил намуда, нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 123,5 фоиз ва ё худ ба маблағи 6,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаи нақлиёт
Дарозии умумии роҳҳои шаҳр 148,4 километр буда, аз он 4,5 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 10,6 километр ҷумҳуриявӣ, 133,3 километр маҳаллӣ, аз ҷумла 40 километр роҳҳои тобеи ташкилоту идораҳо ва 46,2 километр роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад.
Баҳри дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани роҳҳои шаҳр аз ҷониби Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳо дар масоҳати 1308 метри мураббаъ таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, 1152 метри мураббаъ гузаргоҳҳои пиёдагард рангубор ва дар масоҳати 42,3 км хатҳои уфуқӣ роҳандозӣ шудааст. Ҳудуди роҳҳои дохили маҳаллаҳо бо ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорон дар масоҳати 4320 метр сангфарш карда шудааст.
Ҳаҷми боркашонӣ ба 2,4 млн тонна (123,7 фоиз), гардиши бор ба 168 млн тонна/км (101,2 фоиз), мусофиркашонӣ ба 14,1 млн нафар (118 фоиз), гардиши мусофиркашонӣ ба 233,7 млн нафар/км (129,5 фоиз) баробар гардидааст.
Маориф ва илм
Дар шаҳр 24 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 5 литсей, 1 гимназия, 1 мактаби инноватсионии хусусӣ ва 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 28359 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 1303 нафар омўзгорон таълим медиҳанд.
Инчунин, дар шаҳр 1 муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ», 1 коллеҷи тиббии давлатӣ, 3 коллеҷи тиббии хусусӣ, 1 коллеҷи омўзгорӣ, 1 коллеҷи омўзгорӣ-муҳандисӣ ва 22 муассисаи томактабӣ, аз он 3-тояш хусусӣ мавҷуд мебошад.
Тавассути Маркази миллии тестӣ дар соли таҳсили 2022-2023 аз 1236 нафар хатмкунандагон 1203 нафар (97,3 %) барои идомаи таҳсил ба қайд гирифта шудаанд.
Дар доираи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр айни ҳол дар 54 синфхонаи компютерӣ 1250 компютер ва 140 принтер мавҷуд буда, 52 тахтаи электронӣ ва 53 проектор мавриди истифода қарор доранд.
Рушди соҳаи фарҳанг
Дар шаҳр 37 муассисаҳои фарҳангӣ (4 адад вилоятӣ), аз ҷумла 12 адад гулгаштҳо, 8 адад майдонҳои таърихиву фароғатӣ, китобхонаи марказӣ бо 5 адад филиал, китобхонаи бачагона, Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ, Театри халқӣ, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, мактаби санъати бачагона, осорхона, студияи сабти овоз ва ансамбли рақсии «Ситора» фаъолият доранд.
Дар китобхонаи марказӣ ва филиалҳои он 53,7 ҳазор нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумора 19 ҳазор нусха китоб бо забони давлатӣ, 33,4 ҳазор нусха бо забони русӣ ва 1,3 ҳазор нусха бо забонҳои дигар мебошанд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар 19 ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳои идоравӣ ташкил карда шудааст.
Аз ҷониби муассисаҳои фарҳангии шаҳр зиёда аз 52 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронида шуда, дар онҳо 20800 нафар иштирок кардаанд.
Тандурустӣ ва кор бо занон
Дар соҳаи тандурустии шаҳр 674 духтур, аз ин шумора 171 нафар бо категорияи олӣ ва 503 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият намуда истодаанд.
Беморхонаи марказӣ аз 6 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ҷарроҳӣ, таваллуд, амрози даруна, эҳёгарӣ ва таҳлилгоҳ иборат мебошад.
Шумораи умумии занҳо дар шаҳр 63997 нафарро ташкил дода, 195 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 нафар, дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 1 нафар ва дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар 14 нафар ҳамчун вакил интихоб гардидаанд.
Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Тибқи маълумот, шумораи ҷавонон дар шаҳр 37413 нафарро ташкил намуда, аз он 18100 нафар духтарон мебошанд.
Дар шаҳр 3 варзишгоҳ, 1 мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 95 майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла 18 адад майдончаҳои футболи хурд, 2 майдони теннис ва 2 ҳавзи шиноварӣ фаъолият дошта, дар онҳо 779 нафар наврасону ҷавонон ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.
Дар давоми моҳҳои январ — июни соли 2023 варзишгарони шаҳр ба 5 мусобиқоти байналмилалӣ, 5 чемпионат ва 17 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ сафарбар гардида, 116 медал, аз он 41 медали тилло, 28 медали нуқра ва 47 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Ба ҳолати 1-уми июни соли 2023 дар шаҳр 9157 нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 71 нафар зиёд гардида, маблағи талаботи нафақа дар ин давра 19,8 млн сомониро ташкил додааст. Дар ин давра ба ворисони нафақагирони кўчидарафта ва фавтидагон ба маблағи 64,1 ҳазор сомонӣ бақияи маблағҳои нафақапулиҳо пардохт гардидааст.
Дар 6 моҳи соли 2023 ба собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат, маъюбон, шахсони яккаю танҳо, мактаб-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсони саховатпеша ба маблағи умумии 3 млн 358,8 ҳазор сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст.
Муроҷиати шаҳрвандон
Давоми 6 моҳи соли 2023 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 896 шаҳрванд, аз ин 736 нафар тариқи хаттӣ ва 160 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намудаанд.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 20 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60 муроҷиат ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ворид гардидааст.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 711 муроҷиат (96,6 фоиз) ҷавоб гардонида шуда, 25 муроҷиат дар баррасӣ қарор доранд.
Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Бохтар бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 270 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрўз 30 иншоот ба маблағи 101,2 млн сомонӣ бо ташкили 115 ҷойи корӣ иҷро карда шудааст.
— Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои амалисозии дастурҳои Роҳбари давлат оид ба таъмини истиқлоли энергетикӣ, гузаштан ба иқтисоди рақамӣ, саросар соҳибкасб намудани аҳолӣ, таъмини на кам аз 8 фоизи рушди иқтисодиёт, ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани усулҳои муосири ташхис ва табобат дар соҳаи тандурустӣ, азнавсозии низоми таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ ва ба ин васила омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давалатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, саъю кўшиш ва талошҳои худро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри Бохтар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми он равона хоҳад намуд,- мегӯяд раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло Раҷаб.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ