Оби дари хона қадр надорад… Ё бардоште аз осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”

Муддатест, ки бо ҳамсарам, ба қавли шоир Лоҳутӣ “бо ёри Масчоиям” дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” барои барқарорсозии саломатиамон истироҳат карда истодаем. Дар ҳақиқат, мардуми тоҷик беҳуда нагуфтааст, ки “Оби дари хона қадр надорад”, ё “Оби дари хона хира”.

Мо дар тӯли умри худ (81 сол) ба чандин осоишгоҳҳои хориҷию дохилӣ рафтем (ман ному макони онҳоро дар ин ҷо намеорам, зеро мабодо ба иззати нафси касе аз роҳбарони онҳо расад). Аммо лутфу меҳрубонию рафтору муомила ва тарзи муолиҷае, ки дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” дидем, муқоисанашаванда аст.

Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” дар ҷои хушбодуҳавои деҳаи Дарозӣ, ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор ҷойгир аст. Бинои якуму дуюми осоишгоҳ панҷошёна буда, бо санги мармар зебу зиннат дода шудааст. Ин ду бино, асосан, аз ҳуҷраҳои якутоқа ва дуутоқа иборат буда, асосан, барои хоб ва истироҳати беморон омода карда шудааст.  Таҷҳизоте, ки дар ин ҳуҷраҳо муҳайё карда шудаанд, хеле дилкашу зебоянд. Илова бар ин, барои муолиҷаи истироҳаткунандагон бинои алоҳидаи ташхисӣ-табобатӣ мавҷуд аст, ки дар он муоинаи сабти барқии дил (ЭКГ), ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ), ташхиси мукаммали хун, пешоб ва ғайра, вибромассаж, масҳи табобатӣ, сӯзаншифоӣ, муолиҷаи рӯдаҳо, хоби барқӣ, биоэлектромассаж, ваннаи барқӣ, обшифоиҳо, табобат бо дастгоҳҳои физиотерапевтӣ, муми куҳӣ (озокерит), оби маъданноки шифо ва ғайра гузаронида мешавад.

Дар осоишгоҳ табибони ботаҷриба, ҳамшираҳои меҳрубону мушфиқ ва кормандони ғамхору соҳибкасб ба истироҳаткунандагон хизмат мекунанд. Пеш аз қабули муолиҷа табибон ба ҳар як истироҳаткунанда роҳ ва нозукиҳои гирифтани табобатро мефаҳмонанд, зеро муолиҷа танҳо дар ҳолати вазъи хуби организм қобили қабул аст. Дар ҳолати баланд будани ҳарорат, пайдо шудани дард, дилзанӣ, беҳолии умумӣ ва ғайра аз гирифтани муолиҷа худдорӣ кардан лозим меояд. Табибони осоишгоҳ пайваста таъкид мекунанд, ки шифо ёфтан аз миқдори қабулкардаи муолиҷа дар давоми рӯз вобаста набуда, балки ба сифати қабули муолиҷа вобастагӣ дорад. Ҳангоми қабул кардани муолиҷа вақт, давомнокӣ, миқдор ва қоидаҳои муолиҷаро бояд риоя кард. Масалан, баъди қабули муми куҳӣ, оби шифо, нафталан, масҳи зериобӣ, табобат бо ҷараёни барқии ЛУБ якуним-ду соат ва пас аз қабули усули дигари муолиҷа аз ним то як соат бояд истироҳат кард.

Дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” ҳар бегоҳӣ, баъди хӯроки шом дар ҳавлии бинои якум барои истироҳаткунандагон консерти калоне барпо карда мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд рақс кунанд, лутфу зарофатгӯӣ намоянд. Илова бар ин, роҳбарияти осоишгоҳ сари ҳар чанд вақт ҳофизҳои машҳури ҷумҳуриро аз Душанбе даъват менамояд, то ки хотири истироҳаткунандагонро болида гардонанд. Дар муддате, ки дар осоишгоҳ будем, ду ҳофизи номии тоҷик — Маҳбуба Бобоҷонова ва Иззат Шарифӣ дар назди истироҳаткунандагон ҳунарнамоӣ намуданд. Мудири бахши фарҳанги осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” Вазирбек Наимов, ки дар ҳақиқат худ наттоқи хубу зарофтагӯйи гуворо ҳам ҳаст, ҳар шом хотири ҷамъомадагонро шод менамояд. Дар ҳавлии осоишгоҳ бинои Амфитеатр қомат рост кардааст, ки шоми 22-юми июн бо иштироки ҳунарманди шинохтаи эстрадаи тоҷик Михаил Ломоносов ва гурӯҳи ҳаҷвнигорони маҳбуби мо — Ғарибшоҳ-компания шоу-барномаи консертӣ барпо гардид.

Дар осоишгоҳ “Беҳтарин табиби халқии Тоҷикистон дар соли 2010”, “Ғолиби озмуни беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2013” Мирзоюсуф Тоҳирӣ ва табиби меъдаю рӯда (терапевт) Умеда Аҳмадзода фаъолият мекунанд, ки дар байни истироҳаткунандагон обрӯ ва эътибори хеле зиёд доранд. Мирзоюсуф Тоҳирӣ дар баробари табиб будан шоири хуб ҳам ҳаст ва бо тахаллуси “Шоиқи Зарафшонӣ” шеър эҷод мекунад.  

Урватулло ТОИРОВ,

доктори илми филология,

профессори ДМТ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *