Иҷрои фармони Президент: тадбирандешӣ барои тавсеаи пардохти ғайринақдӣ

Бисту дуюми июни соли равон бо тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» амалиёти нақдӣ завол ёфт.

Тибқи фармони мазкур, аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ — филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ҷиҳати беш аз пеш маъмул гардидани пардохти ғайринақдӣ ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз плазаҳои толлингӣ тавсеа бахшидааст.

Арзонтар будани маблағи гузариш аз плазҳои толлингӣ дар қиёс ба пардохти нақдӣ, ройгон пешниҳод намудани RFID (чипе, ки дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои пардохтӣ ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс аз корҳои дар робита ба ин масъала амалигардида ба ҳисоб меравад.

Истифодабарандагони роҳи Душанбе-Чаноқ бояд дарк намоянд, ки пардохти ғайринақдӣ аз тариқи RFID ва кортҳои пардохтии филиали Ширкат бартариҳои зиёд дорад.

Чунин тарзи кор паҳлуҳои мусбати зиёд, аз ҷумла ҷанбаи экологӣ низ дорад. Сониян, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд. Илова бар ин, иқдом ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кӯтоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо тариқи ғайринақдӣ истифода намоянд. 

Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар плазаҳо таваққуф накунанд. Ба ибораи дигар, барои чунин ашхос зимни ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ҳамеша “чароғаки сабз” фурӯзон мегардад.

Ба дорандаи кортҳои пардохтии IRS кофӣ аст, ки онро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад. Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад.

Истифодаи чунин корт дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман аз байн равад.

Хотиррасон бояд кард, ки кушодани суратҳисоб ва гирифтани корт осон ва дар муддати кӯтоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад) пешниҳод намоянд.

Дар маҷмуъ, ба густариши пардохти ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан далели возеҳи он мебошад, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» фаъол аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *