Ҳамкории ДДТТ бо Амрикову Аврупо

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Амрико, Чин, ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро ба роҳ мондааст. Ҳадаф аз ин ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ мебошад.

Дар ин бора ректори ин муассисаи олӣ Хайрулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.Инчунин, таъкид гардид, ки тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи илм ва маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии кишвар шомил гардидааст.

Ҳоло донишгоҳ аз рӯи 36 ихтисоси барномаи бакалавр, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 14 ихтисоси барномаи PhD ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассис омода менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *