Дар Тоҷикистон 4183 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуда, дар ин робита 151 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ин нукта дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби директори Агентӣ, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода зикр гардид.

Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки тибқи омори расмӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҷумҳурӣ 4183 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 41,8 нашъаманд рост омадааст. Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 103 нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар зиёд гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *