Иқлимо Озарм — Афғонистон

Шояд намедонам

Дасти ҳастӣ шояд баланд буд,

Ва тарошида пайкарҳои нотакрор.

Шояд,

Рўзгорон ҳам,

Шабҳои ялдоро,

Ба гунае ҷуброн мекард ва одамҳоро,

Аз таассуфи кўтоҳу мусаххарашон.

Берун мекашид.

Шояд,

Намедонам.

Вале шояд борон шустанитар аз ҳамеша,

Гунаҳои таракхўрдаи кавири бемеҳрӣ.

Даст мекашид,

Шояд.

Оғўши саркаши бешаҳои сабз,

Ҳатто шабе,

Бистари амни парандаи ваҳшатзадаи кўлӣ мешуд.

Шояд,

Афсуни нигоҳи ҷодуии ту,

Лаҳзае чанд маро,

Ки офтобпарасти асири шабам,

Навозиш мекард.

***

Фидойи фиребхўрда

Хаста наӣ аз ҷадал,

Чи золимона оростаанд туро.

Ки чашмҳои ту,

Қобҳои палосидаи шабанд.

Ва дастҳои ту,

Дупо рав, барои қоиқи танат,

Сўи гирдоб.

Ҳарфҳои ту мехҳои пўлодин,

То рўҳи ошиқиро маслуб карда бошанд.

Ва лабханди ту,

Оҳ, на дигар,

Як эътирофи нохушоянди бовар ба ҳеҷ,

Ва ин пайкар,

Ҳаҷми сўзони ҳимаҳо,

Барои ҳама умедҳо.

Фидоии фиребхўрда,

Бо чиат,

Ҳанўз ишқ меварзӣ.

***

Танҳоимонро дўст доштан оғозидам

На аз дер гоҳ,

На аз дирўз,

Он гаҳ, ки хостам бар  тираи шаб гумаш кунам,

Дар бешаи гўшаҳои ҷодаи хилват.

Ҷой камтар буд,

То ҳамчунон ки ошиқ занӣ,

Бе гуноҳи кўчак зода аз гуноҳашро,

Аз хеш бигзорам.

Шаб нолид…, ки танҳотарам,

Пиндоштам аз бешаҳо гули танҳоии маро,

Хоҳад чид.

Дар борон ба ин ормони саргашта будам,

То шояд бишўядаш.

Ҳамон гуна, ки раҳмати оби азизони ибни Ҳурро,

Ё,

Бе васваса ба дарё супорад.

Гирист, ки … танҳотарам,

Гумон бурда будам,

Ашки андўҳи маро миқдор мешавӣ.

Ва ман дўст доштан оғозидам,

Танҳоимонро.

اقلیما آزرم- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *