Толеъномаи рӯзи 20 март

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ба ҳодисаву рӯйдодҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, оромона назар кунед. Танҳо сабру таҳаммул дар ҳалли мушкилиҳои муҳим кӯмакатон мерасонад. Мушкилоти калони молиявӣ пеш меояд, вале бо кӯмаки дӯсти наздикатон онро рафъ месозед. Фаромӯш насозед, ки бо як ҳарфи ноҷо дил ранҷонидан осон аст, дӯстдоштаи худро таҳқир накунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз бояд фавран бо нафароне, ки қаҳрӣ будед, оштӣ шавед. Дар бораи дӯстатон хабари нохуш мешунавед. Дар ҷодаи муҳаббат бахти ҳақиқиро эҳсос мекунед. Нафареро, ки сахт дӯст медоред, аз дӯст доштанаш иқрор мешавад. Дар роҳҳои куҳӣ ва ҷойҳои серодам боэҳтиёт бошед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Ба ҳар коре, ки дилатон мехоҳад, машѓул шавед. Аз ҷумла дар ҷодаи муҳаббату коре, ки ба ѓайр аз пул бояд эҳсоси қаноатмандӣ бахшад. Ҳангоми робита бо сардор эҳтиромро нигоҳ доред, вагарна байнатон муноқиша рух медиҳад. Имкони бемор шудани узвҳои ҳозима ё хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Кӯшиши якбора чанд корро дар якҷоягӣ иҷро карданро накунед, вагарна оқибаташ бад мегардад. Агар мошин меронда бошед, бо суръати баланд  ҳаракат накунед. Масъалаҳои мерос, таъмир ва сохтмон бобарор анҷом меёбанд. Агар гузашт кунед, муносибатҳоятон бо шахси бароятон азиз гарму самимӣ боқӣ мегарданд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Агар чанд соатро дар танҳоӣ гузаронед, мушкилиҳои зиёдеро ҳал карда метавонед. Ба ҳар гапе, ки нисбати шумо мегӯянд, бодиққат бошед. Хусусан ба ҳарфи нафарони оқилу баобрӯ диққат диҳед. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад, аз ин лиҳоз ба назди табиб рафтанатон лозим меояд. Хатари ҷароҳат бардоштани пойҳоятон вуҷуд дорад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Фавран аз пайи пайдо кардани ҳамкорони тиҷоратӣ шавед ва ба ҳеҷ ваҷҳ сири худро ба рақибон накушоед. Сабаби бо ёратон муноқиша карданро ҷӯё нашавед, дӯстдоштаатон неш задану рафтори шуморо танқид кардан мехоҳад. Нафаре изҳори муҳаббат мекунад, ки чанд сол аз шумо калонсол аст. Ба ҳама гуна таѓйирот омода бошед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ҷойи кор баҳсу мунзира ва нофаҳмӣ бо кормандони нав имкон дорад. Барои он ки дар ин рӯз ба садама наафтида ҷароҳат набардоред, беҳтараш пиёда гардед. Аз бахилу бадхоҳон эҳтиёт шуда, дар бораи нақшаву ниятҳоятон ба касе нақл накунед. Бад шудани вазъи молиявиатон имкон дорад, хариди калон накунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Субҳи имрӯз аз шиносоии нав сидқан шод мегардед. Ҳамкору ҳамақидаи арзандаро пайдо мекунед. Аз норасоии пул асабӣ нашавед, беҳтараш барои зиёд кардани маблаѓ кӯшиши намоед. Агар дӯстдошта дошта бошед, шахси дигарро ба дилу зиндагиятон роҳ надиҳед. Бегоҳӣ меҳмонро интизор бошед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ба гапу рафтори худ бодиққат бошед, вагарна шахси бароятон азизро меранҷонед. Имкони хурӯҷ намудани бемориҳои музмини меъда имкон дорад, реҷаи ѓизои худро ба эътибор гиред. Агар пулро сарфа накунед, қариби бегоҳ бо кисаи холӣ мемонед. Қарзи калон нагиред. Бемор шудани рагҳои хунгарди дил имкон дорад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Миёнро маҳкам баста аз пайи анҷом додани корҳои нотамом гардед. Дар ин кор ба шумо хешовандону дӯстон кӯмак мекунанд. Ба хонаи нав кӯчиданатон имкон дорад. Ҳангоми ба маѓозаву бозор рафтан пулҳоятонро наѓзакак пинҳон кунед. Бо мошини худ ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз нисбати ҳама шубҳаву гумони бад накунед. Ҳатто агар ба наздикӣ дусти наздикатон шуморо фиреб дода бошад, дӯстони дигаратон гунаҳкор нестанд. Хурдагириҳои шахси дӯстдоштаатон асабатонро хаста месозаду дар муносибатҳоятон нуқта гузоштан мехоҳед. Бегоҳирӯзӣ ҳаққи хизмати худро мегиред.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ддар ин рӯз бо рақибони худ мубориза бурданатон лозим меояд. Агар заифиву асабонияти худро нишон диҳед, дар ин набард бой медиҳед. Кӯмаку дастгирии дӯстонро ҳис карда, муносибатҳоятон қавитар мегардад. Агар шахсеро дӯст медошта бошед, вақте расидааст, ки аз муҳаббати худ иқрор шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *