«I love Dushanbe» дар пойтахт насб шуд

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон соҳиби боз як макони нави ҷалби сайёҳон — лавҳаи «I love Dushanbe» (Ман Душанберо дӯст медорам) шуд. Маросими пардабардорӣ аз ин лавҳа шаби 24 ба 25 июл баргузор гашт.
Ин лавҳа дорои муҷассамаи қалби сурх ва навиштаи «I love Dushanbe» бо ҳарфҳои сафед буда, дар майдони назди Маҷмааи «Диёри Душанбе» дар иҳотаи фаввораҳои ранга насб шудааст.

Интизор меравад, ин макон дар оянда яке аз ҷойҳои маъруф ва дӯстдоштаи сокинон ва сайёҳон, аз ҷумла ҷавонон гардад. Онро ширкати «Қатар-Диёр-Тоҷикистон» аз ҳисоби худ насб карда, масъулонаш мегӯянд, хостанд, ки бо ин роҳ саҳми худро дар машҳур гардонидани пойтахти Тоҷикистон гузоранд.

«Тарҳи мо як бахши пойтахт аст ва мо талош мекунем, ки шаҳри дӯстдоштаи худро зебову замонавӣ гардонем. Дар бисёре аз кишварҳои дунё ин гуна лавҳа мавҷуд аст ва бинобар ин тасмим гирифтем, ки шаҳри мо ҳам онро дошта бошад. Бовар дорем, яке аз маконҳои машҳури аксбардорӣ ва гирифтани селфӣ дар Душанбе хоҳад шуд», — гуфтанд намояндагони ширкат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *