Ҷангалзори кишвар ҳар сол даҳҳо гектар кам мешавад

Аз гузориш ва пурсишу посухи директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азизуллоҳ Исматзода дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур маълум шуд, ки масоҳати хоҷагии ҷангал ҳамагӣ 3% масоҳати кишварро дар бар мегирифтааст. Исматзода сабаби ба миён омадани ин ҳолатро бар асари омилҳои мухталиф маънидод намуда, гуфт, ки «ҷангалзори кишвар  батадриҷ ҳар сол даҳҳо гектар кам мешавад, Кормандони хоҷагии ҷангал барои пешгирии ин ҳолат корҳои барқароркунии боғу ҷангалзор ва нигоҳубини онҳоро қатъӣ ба роҳ мондаанд. Фақат дар соли ҷорӣ ба миқдори 41957 бех ниҳолҳои нав шинонда, дар масоҳати  665 гектар корҳои нигоҳубини ниҳолҳогузаронида шудааст».

Азизуллоҳ Исматзода,  инчунин гуфт, ки дар хоҷагиҳои ҷангал буридани  ғайриқонунӣ нисбат ба соли 2016 ба миқдори 12 адад кам шудааст. Барои ғайриқонунӣ буридани 411 адад қонуншиканҳо ба маблағи 107,9 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд. Барои 182 адади чорвочаронии худсарона ба маблағи 66,9 ҳазор сомонӣ, 61 адад барои ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои шифобахш 5,3 ҳазор сомонӣ ва  63 адад барои шикори беиҷозати  кабк ба малбалғи  4,9 ҳазор сомонӣ муҷозот шуданд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *