Иқтидори НБО-и «Норак» 10 фоиз меафзояд

Иқтидори НБО-и «Норак» 10 фоиз меафзояд

20 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Усмоналӣ Усмонзода гуфт, ки иқтидори НБО-и «Норак» пас аз таҷдид 10 фоиз афзуда, ба 3,3 ҳазор МВт мерасад. Ба ин нишондод ратификатсияи молиявии лоиҳаи «Таҷдиди неругоҳи барқии обии «Норак», марҳилаи 1» мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфтаи вазир, НБО-и «Норак» аз лаҳзаи баистифодадиҳиаш, дар тӯли 46 сол 434 млрд. кВт/соат неруи барқ истеҳсол кардааст. Имрӯз неругоҳ ба таҷдид ниёз дорад. Ин боиси аз 3 ҳазор МВт то 2,4 ҳазор МВт коҳиш ёфтани иқтидораш гардидааст. Тибқи ҳисобҳои коркарди техникию иқтисодӣ аз рӯйи лоиҳа барои таҷдиди НБО-и «Норак» $700 млн. маблағ зарур аст. Арзиши марҳилаи аввали таҷдид  $350 млн. доллар мебошад. Ин маблағро институтҳои байналмилалии молиявӣ, пеш аз ҳама, Ассотсиатсияи  Байналмилалии Рушд (Бонки ҷаҳонӣ) $225 млн, Бонки Осиёии маблағгузориҳои инфрасохторҳо $60 млн.   ҷудо  намудаанд. $57 млн. дигарро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд. Марҳилаи аввал дар 5 сол татбиқ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *