Як шабонарӯз обро захира намоед!

Шаҳрдории Душанбе дар бораи давоми як шабонарӯз надодани  оби ошомиданӣ барои сокинони як қатор маҳаллаю кӯчаҳои ноҳияи Сино мардумро огоҳ намуд.

Ин иқдом бинобар гузаронидани корҳои барқарорнамоӣ дар хатҳои обгузари қутраш 600 мм-и шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи лоиҳаи азнавсозии мошинраҳи  Душанбе-Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон амалӣ мешавад.

Ҳамин тавр, аз соати 20:00-и 20 декабр то соати 24:00 21 декабр додани оби ошомиданӣ дар маҳаллаҳои 92, 82, 101, 102, 112, кӯчаҳои  Испечак-1,2, Қазоқон-1,2,  Ободкорон,  Бунёдкорон ва  Н.Махсуми ноҳияи   Сино қатъ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *